БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШНАМОИИ РОҲИ ДЕҲАИ БАДРИДДИН ҲИЛОЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 129
![]()
Имрӯз, 19 август, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни оғози корҳои таъмиру мумфаршнамоии роҳи аҳамияти маҳаллии деҳаи Бадриддин Ҳилолӣ боздид намуданд.
Роҳи мошингарди деҳаи Бадриддин Ҳилолӣ яке аз роҳҳои муҳими маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини робитаи нақлиётии сокинони деҳа бо дигар маҳалҳои аҳолинишин ва маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақши муҳим дорад. Масофаи умумии роҳи мазкур 3 километрро ташкил медиҳад.
Корҳои таъмиру мумфаршнамоии роҳи мазкур бо ташаббус ва саҳми сокинон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба роҳ монда шудаанд. Ин иқдом намунаи равшани ҳамкории сокинони маҳал бо мақомоти давлатӣ дар самти ободонӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори деҳот мебошад.
Зимни боздид Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуда, бо масъулони соҳа ва сокинони деҳа суҳбат намуданд. Таъкид гардид, ки таъмиру мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ яке аз омилҳои муҳими беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии деҳот аҳамияти калон дорад.
Мумфарш гардидани роҳи 3-километраи деҳаи Бадриддин Ҳилолӣ пеш аз ҳама мушкилоти сокинони маҳалро дар мавриди рафтуомади ҳамарӯза бартараф намуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро осон ва бехатар хоҳад кард. Ҳамзамон, беҳтар шудани ҳолати роҳ барои дастрасии сокинон ба маркази ноҳия, муассисаҳои иҷтимоӣ, бозорҳо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилояти Хатлон ба масъулон ва сокинони маҳал ҷиҳати идомаи босифати корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва сари вақт ба анҷом расонидани корҳои мумфаршнамоӣ дастуру супоришҳои дахлдор доданд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...