ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 62
![]()
Дар идомаи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, як иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода гирифта, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамовардашуда шиносоӣ анҷом дода шуд.
Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳия бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки барои 360 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ба истифода дода шуд.
Бинои нави таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст ва беҳтар намудани имкониятҳои муассисаи таълимӣ сохта шудааст. Он бо синфхонаҳои таълимӣ, иншшотҳои ёрирасон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ таъмин буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар шароити муносиб имконият фароҳам меорад.
Дар идомаи боздид ҳамчунин анҷоми корҳои сохтмонии бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22, воқеъ дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Саричашма, муаррифӣ гардид. Бино барои 360 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо маблағи 2,4 миллион сомонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта шудааст.
Иншооти нави таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари таълим барои хонандагон ва зиёд намудани иқтидори муассисаи таълимӣ бунёд гардидааст.
Инчунин, бинои иловагии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангардара муаррифӣ гардид. Иншоот барои 240 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо маблағи 1,1 миллион сомонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта шуда истодааст.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти таълимӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъмини дастрасии хонандагон ба муҳити муносиби таълимӣ мусоидат менамояд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00