Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАРКАЗИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД


МАРКАЗИ НАВИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД



Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ, вазъи татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омодагии иншооти ҷашнӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни корҳои анҷомдодашаванда ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Кӯлоб маркази нави хизматрасонии нақлиётиро, ки дар маҳаллаи Хати роҳи шаҳр бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур бо ташаббуси соҳибкор Амиров Амирхон бо маблағи 3,2 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар масоҳати 1,16 гектар ҷойгир мебошад. Иншооти нав бо дарназардошти талаботи муосир ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон бунёд гардидааст.

Дар ҳудуди марказ нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, истгоҳи барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ, ошхона, меҳмонхона, мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии марбут ба соҳаи нақлиёт ҷойгир карда шудаанд. Мавҷудияти чунин маҷмуи хизматрасониҳо имкон медиҳад, ки ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт дар як мавзеъ аз хизматрасониҳои зарурӣ истифода баранд.

Корҳои сохтмонии иншоот моҳи январи соли 2026 оғоз гардида, дар рафти бунёди он зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуданд. Ба гуфтаи масъулон, бо оғози фаъолияти пурраи марказ дар марҳилаи аввал зиёда аз 65 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.

Ҳамзамон, бо зиёд намудани ҳаҷм ва доираи хизматрасониҳо дар оянда шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам афзоиш ёфта, барои ҷалби сокинони маҳаллӣ ба фаъолияти меҳнатӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварда мешавад.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти хизматрасонӣ дар баробари беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиётӣ, ба рушди соҳибкории хурду миёна, зиёд гардидани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода