ХОНАИ НАВ-ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА СОКИНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДАИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 44
![]()
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Кӯлоб манзили истиқоматии шаҳрванд Асророва Моҳихурд, ки бар асари офати табиии 1 майи соли 2026 пурра хароб гардида буд, мавриди истифода қарор дода, калиди хонаи навро ба соҳибхона супориданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 1 майи соли 2026 дар натиҷаи боришоти шадид ва аз меъёр зиёд маҷрои селпартоҳои «Шураксой» ва «Девонасой» аз ҳудуди муқаррарии худ берун шуда, ба як қатор маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб хисорот расониданд. Дар пайи ин ҳодиса бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, комиссияи махсус дар ҳайати шаш гурӯҳи корӣ ба минтақаи осебдида сафарбар гардид.
Гурӯҳҳои корӣ дар самти арзёбии ҳаҷми зарар, расонидани кумакҳои фаврӣ, тоза намудани кӯчаву маҳаллаҳо, барқарорсозии инфрасохтор ва таъмини амнияти санитарӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд. Дар маҷмуъ, 470 манзили истиқоматӣ мавриди муоина қарор гирифта, дар натиҷа муайян гардид, ки як манзил пурра хароб шуда, панҷ хонаи дигар қисман осеб дидаанд. Ҳамчунин дар зиёда аз 350 манзили истиқоматӣ асосан иншооти ёрирасон зарар дидааст.
Бо дарназардошти вазъи оилаи Асророва Моҳихурд ва ҷиҳати барқарор намудани шароити муносиби зиндагӣ манзили нави истиқоматӣ пурра бунёд гардида, ба соҳибхона супорида шуд. Хонаи нав аз се ҳуҷра, долон ва иншооти ёрирасон иборат буда, бо дару тиреза ва шароити зарурии маишӣ таъмин мебошад.
Зимни супоридани манзил Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва барқарорсозии манзилу инфрасохтори зарардида таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ӯ ҳамзамон масъулонро вазифадор намуд, ки дар самти барқарорсозии зарари боқимонда ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони зарардида тадбирҳои заруриро идома диҳанд.
Соҳиби хона Асророва Моҳихурд барои дастгирии Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипоси самимӣ намуда, таъкид кард, ки ба шарофати ин ғамхорӣ имрӯз оилааш соҳиби манзили ободу муносиб гардид.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...