БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ОН ДАР ХИЁБОНИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 57
![]()
Дар идомаи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Кӯлоб бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонии он, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бинои истиқоматии 52-ҳуҷрадор буда, аз 10 ошёна иборат мебошад. Бино бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ бунёд гардида, дар ошёнаи якум ва таҳхонаи он марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мебошад.
Сохтмони бинои истиқоматӣ дар масоҳати 0,20 гектар қитъаи замин амалӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз соли 2019 оғоз шудаанд. Айни замон иншоот пурра омода гардида, барои истифода ба сокинон ва истифодабарандагон пешниҳод карда шуд.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Хоссор С» буда, лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Терай-21» таҳия гардидааст.
Марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бино ҷойгир шудаанд, барои фароҳам овардани хизматрасониҳои зарурӣ ба сокинон ва аҳолии шаҳр пешбинӣ гардидаанд.
Тибқи иттилои масъулон, бо ба истифода додани иншоот дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 20 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.
Бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти муосири истиқоматӣ ва хизматрасонӣ дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизматрасонӣ барои сокинон, ба рушди инфрасохтори шаҳр, беҳтар гардидани симои меъмории шаҳри Кӯлоб ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...