ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 40
![]()
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ, вазъи татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омодагии иншооти ҷашнӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни корҳои анҷомдодашаванда ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод.
Сафари кории Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 оғоз гардид. Бинои нави таълимӣ барои 480 хонанда пешбинӣ шуда, аз се ошёна иборат буда, бо синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ таъмин карда мешавад. Дар раванди сохтмони муассиса мутахассисони ватанӣ ҷалб гардида, истифодаи масолеҳи хушсифати истеҳсоли дохилӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф шинос шуданд. Таъкид гардид, ки иншооти мазкур дар баланд бардоштани сатҳи касбӣ, дониш ва малакаи омӯзгорон нақши муҳим дошта, корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ, талаботи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.
Ҳамчунин Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонию созандагӣ дар бинои Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ боздид ба амал оварданд. Зимни боздид ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сифати корҳои анҷомдодашуда ва раванди иҷрои корҳои боқимонда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шаванд.
Сарвазири мамлакат инчунин бо рафти корҳои таъмирӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб шинос шуданд. Зимни боздид таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори варзишӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намудҳои гуногуни варзиш аҳамияти муҳим дорад.
Дар идомаи сафари корӣ инчунин аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” низ боздид ба амал оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти иншооти дар ҳудуди минтақа бунёдшаванда шинос шуданд. Дар маҷмуъ, ба ҷараёни корҳои созандагӣ, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
1-09-2024, 08:07
Ҳамватанони гиромӣ! Муҳтарам кормандони соҳаи маориф!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...