БУНЁДИ ИНШООТИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 71
![]()
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфта, як қатор иншооти муҳими иҷтимоию хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ҷараёни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид нахуст аз рафти корҳои сохтмонии Варзишгоҳи марказии ноҳия боздид намуданд.
Иншоот бо ғунҷоиши 6 ҳазор ҷойи нишаст аз чор блок иборат буда, масоҳати умумии қитъаи заминаш 54 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Зимни боздид барои босифат ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи сафар Беморхонаи «Маҷмуи хизматрасониҳои модар ва кӯдак» мавриди боздид қарор гирифт. Сохтмони иншоот соли 2022 оғоз гардида, айни ҳол дар марҳилаи анҷомёбист. Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои беҳтар намудани ташхису табобат ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, рафти корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ дар деҳаи Навобод мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Муассиса барои 100 кӯдак пешбинӣ шуда, дар масоҳати 3600 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Дар паҳлуи муассиса бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ сохтмони сардхона барои нигоҳдории 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.
Дар маркази ноҳия инчунин Сарвазири кишвар ва раиси вилояти Хатлон аз раванди корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки иншоотҳои сохташуда бояд самаранок истифода гардида, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва дар маҷмуъ тамоми сокинон мусоидат намоянд.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба таҳкими инфрасохтори иҷтимоии ноҳия, фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва рушди минбаъдаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзишу хизматрасонӣ мусоидат намуда, корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома хоҳанд ёфт.
Умарҷон Тошматов,
«ХАТЛОН»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...