Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҲКИМИ ИЛМИ ТОҶИК ВА РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР


ТАҲКИМИ ИЛМИ ТОҶИК ВА РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР




Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меваи даврони Истиқлол буда, 12 августи соли 2014 бевосита бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки он дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар як рӯйдоди фараҳбахшу таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти босамари ин ниҳод имкон дод, ки дар тӯли 12 соли фаъолияташ ба дастовардҳои  назаррас  дар самти  тарбияи  кадрҳои  илмӣ  ба  даст оварад. 


Айни замон дар назди комиссия 13  шурои  экспертӣ,  аз  ҷумла,  дар  самти илмҳои  табиӣ-математикӣ  ва  техникӣ 5 шуро,  илмҳои  тиббӣ,  фарматсевтӣ, биологӣ,  байторӣ  ва  аграрӣ 2, илмҳои ҷамъиятӣ4 ва илмҳои гуманитарӣ 2 шурои экспертӣ фаъолият менамоянд. Пас  аз  тасдиқи  Низомномаи  Шурои диссертатсионӣ дар таҳрири нав (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267) то ба имрӯз дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 135 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки айни замон аз онҳо 103 шурои диссертатсионӣ фаъолият дошта, аз рӯйи 258 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори илм,  номзади илм ва доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро баррасӣ менамоянд. 


Теъдоди  шуроҳои  диссертатсионӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 16 адад зиёд гардида, дар давраи ҳисоботӣ 21 шурои  аттестатсионӣ  таъсис  ёфтааст.  Дар  баробари  ин,  бо  сабаби  риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ва мунтазам такроршаванда, ҳамзамон бо сабаби азнавтаъсисёбӣ фаъолияти 7 шурои диссертатсионӣ, аз ҷумла 6D.КОА-033 назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи раста-нии АМИТ, 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон; 6D.КОА-037  назди Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд  ба  номи академик Бобоҷон Ғафуров, 6D.КОА-026 назди  Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд ба  номи  академик  Бобоҷон  Ғафуров, 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи  В.И.  Никитини  АМИТ  ва  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ  ва  ядроии  АМИТ, 6D.КОА-006  назди Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ва 6D.КОА-016  назди  Донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур қатъ карда шуданд. Аз теъдоди умумӣ дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе 81 шуро ва  дар  назди  муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии минтақаҳои кишвар 22 шуро, аз ҷумла дар ВМКБ2 шуро, вилояти Хатлон 8 ва вилояти Суғд 12 шуро фаъолият доранд.


Дар  ин  давра  фаъолияти  Махзани ягонаи Комиссия, ки тибқи талаботи қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №503 оид ба самтҳои  афзалиятноки  таҳқиқоти  илмӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҷиҳати пешгирии  такроршавии  мавзуъҳо  таъсис дода шудааст, беҳтар гардида, айни замон дар он3 ҳазору662 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанӣ ворид карда шудаанд, ки 636 ба самти илмҳои табиӣ-математикӣ  ва  техникӣ, 589  ба  самти тиббӣ,  фарматсевтӣ,  биологӣ,  байторӣ ва аграрӣ, 1 ҳазору 379 ба самти илмҳои ҷамъиятӣ ва 1 ҳазору 58 ба самти илмҳои гуманитарӣ рост меояд.


Бо  мақсади  назорати  фаъолияти шуроҳои  диссертатсионӣ  ва  пешгирии ҳимояи  диссертатсияҳо  тибқи  сенарияи пешакӣ ва сохтакориҳо дар раванди ҳимоя  аз  ҷониби  масъулини  Комиссия бо  истифода  аз  технологияҳои  муосир пайвастшавии маҷозии ҷараёни ҳимояи диссертатсияҳо ба роҳ монда шудааст.


Бояд иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 6  ҳазору 911 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, синну соли миёнаи доктори илм ба 64, номзади илм ба 50 ва доктори фалсафа(PhD)-доктор  аз  рӯйи  ихтисос  ба 31 рост меояд. Аз 6 ҳазору 911 корманди илмӣ1 ҳазору34 доктори илм, 5 ҳазору 532 номзади илм ва 345 доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ташкил менамояд. 


Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Комиссия  ташкили  ҳимояи  якдафъаинаи диссертатсияҳо мебошад. Имсол аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии  касбии  кишвар  ҷиҳати  ташкили ҳимояи  якдаъфаина 36 дархост  ворид шудааст Дар нимаи якуми сол 29 дархост  тасдиқ  гардидааст.  Аз  дархостҳои тасдиқшуда 12-то  дархост  ба  самти илмҳои  табиӣ-математикӣ  ва  техникӣ, 8-то  ба  илмҳои  тиббӣ,  фарматсевтӣ, биологӣ,  байторӣ  ва  аграрӣ, 9-то  ба илмҳои ҷамъиятӣ рост меояд. 


Давоми соли ҷорӣ аз шуроҳои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 285 парвандаи аттестатсионӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 56 адад зиёд мебошад. Аз онҳо 28 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 187 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, 70 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. 


Бояд зикр кард, ки бо дарназардошти диссертатсияҳои аз соли қаблӣ воридшуда ҳамагӣ236 диссертатсия тасдиқ шудааст, ки мутаносибан ба 29 доктори илм, 156 номзади илм ва51 доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос рост меояд.


Аз 236 диссертатсияи тасдиқшуда 25 диссертатсия  ба  самти  илмҳои  табиӣ-математикӣ  ва  техникӣ, 15  ба  самти илмҳои  тиббӣ,  фарматсевтӣ,  биологӣ, байторӣ ва аграрӣ, 156 ба самти илмҳои ҷамъиятӣ  ва 40  ба  самти  илмҳои гуманитарӣ мансуб аст.


Инчунин,  аз 47 довталабе,  ки  дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар самти илмҳои  табиӣ-математикӣ  ва  техникӣ ҳимоя  кардаанд, 11  нафар  соҳиби  нахустпатент ва 19 нафари дигар соҳиби шаҳодатнома  ва  дар  самти  илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ дар ин давра 34 нафар ҳимоя кардааст, ки аз онҳо 11 нафар соҳиби нахустпатент ва6 нафар соҳиби шаҳодатнома гардидаанд. Дар умум 22 нафар соҳиби нахустпатент  ва 25  нафар  соҳиби шаҳодатнома гардидаанд.


Бо  мақсади  пешгирии  бозхонди диссертатсияҳо  санҷиши  асолати  матни диссертатсия ва автореферат пеш аз ҳимоя тариқи маҷозӣ ва экспертизаи техникии  диссертатсияҳо,  авторефератҳо ва бастаи ҳуҷҷатҳои марбут ба он ба роҳ монда шуд, ки ин сабаби коҳиши бекор шудани қарорҳои шуроҳои диссертатсионӣ оид ба додани дараҷаҳои илмӣ гардид.


Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 190 дархост (аз ҷумла, 19 дархост барои дарёфти унвони илмии профессор ва 171  дархост барои дотсент) ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 45 дархост кам мебошад. Қобили зикр аст,  ки  бо  дарназардошти  дархостҳои воридшуда аз соли гузашта 125 дархост тасдиқ гардида (мутаносибан 10 профессор ва 115 дотсент), 2 дархост рад карда
шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Комиссия12 ҳуҷҷати  намунаи давлатӣ  аз8 давлати  дунё (Россия,  Ҷумҳурии  Чин,  Олмон,  Амрико,  Англия,  Туркия,  Либия,  Қирғизистон)  ба  дастовардашуда  барои баробарарзишӣ ворид гардидаанд.

Дигар  самти  муҳимми  фаъолияти  Комиссия  таҳия  ва  мониторинги маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи кишвар мебошад. Аз ҷумла, ба таври мунтазам аз ҷониби шуъбаҳои аттестатсионӣ дар якҷоягӣ бо шуроҳои экспертӣ мониторинги муҳтавои маҷаллаҳои илмӣ гузаронида мешавад. Ҷиҳати муайянсозии рейтинги маҷаллаҳои илмӣ таҳияи барномаи компютерӣ идома дорад. Муассиса раванди  азнавбақайдгириро  роҳандозӣ карда, ҳамаи маҷаллаҳои дар Феҳрист қарордоштаро бознигарӣ намуд.


Дар  давраи  ҳисоботӣ9 маҷаллаи илмӣ  ба  Феҳристи  маҷаллаи  илмии тақризшавандаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ворид  гардид.  Аз77 маҷаллаи  илмии амалкунанда, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2025-ум 11-то зиёд мебошад, ки 73-тои онҳоро маҷаллаҳои илмии ватанӣ аз 44 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ва 4-тои дигари онҳоро маҷаллаҳои илмии муассисаи илмии хориҷӣ ташкил менамояд.


Инчунин,  дар  назди  Комиссия маҷаллаи байналмилалии илмии «Фурӯғи илм» фаъолият  дорад,  ки  дар  давраи ҳисоботӣ 2 шумораи се бахши он, бахши илмҳои  табиӣ-риёзӣ,  илмҳо  дар  бораи ҳаёт ва тандурустӣ ва илмҳои иҷтимоӣ ва  гуманитарӣ  дар  сомонаҳои  расмии маҷалла ва Elibrary (РИНС) ҷойгир карда шуд. Мақолаҳои банашррасида тибқи талаботи IMRAD  таҳия  гардида,  дорои рамзи рақами доимӣ(DOI) мебошад, ки талаботи асосии шохисҳои байналмилалии илмӣ аст.


Ҳамчунин, 12 феврали соли2026 бо Кенжина  Инеш  Ергазиевна,  намояндаи расмии ширкати Clarivate дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, 10 марти соли 2026 бо мудири  бахши  таҳлилии  сарчашмаҳои пойгоҳи байналмилалии иттилоотии Web  of Science Core Collection дар  шаҳри Лондон Валентин Григорьевич Богоров, менеҷери минтақавии ширкати Clarivate  дар  Осиёи  Марказӣ  Мукашева  Лязиза Адиловна ва 11 март бо мушовири ширкати байналмилалии нашриявии Elsevier  Дмитрий  Султанов  вохӯрию  суҳбатҳои корӣ анҷом дода шуда, масъалаҳои ворид намудани маҷаллаҳои илмии назди муассисаҳои  илмӣ  ва  таҳсилоти  олии касбӣ ба пойгоҳҳои илмии байналмилалӣ, аз ҷумла Scopus матраҳ гардид.


Портали  ягонаи  маҷаллаҳои  илмӣ https://journals.vak.tj/ -  Платформаи ягонаи  маҷаллаҳои  илмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  ҷониби  Комиссияи  олии аттестатсионии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ин захираи электронӣ барои гирд овардани маҷаллаҳои илмии тақризшаванда дар як манбаъ, осон намудани ҷустуҷӯи маҷаллаҳо  ва  дастрасии  фаврии муҳаққиқон ба натиҷаҳои охирини корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  нигаронида  шудааст. 


Платформа имкон медиҳад, ки маълумоти пурра оид ба нашрияҳо ва феҳристи нашрҳои  даврӣ  дар  шакли  муосири рақамӣ дастрас карда шавад. 

Дар  маҷмӯъ,  Комиссияи  олии аттестатсионӣ  дар  соли2026  ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, баланд бардоштани сифати фаъолияти илмӣ, так-мили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва  таъмини  шаффофияти  равандҳои аттестатсионӣ як қатор чораҳои муҳимро ба нақша гирифтааст. Татбиқи чорабиниҳои  мазкур  ба  таҳкими  фаъолияти  шуроҳои  диссертатсионӣ  ва экспертӣ, рушди инфрасохтори рақамии соҳаи илм, ҳифз ва дастрасии самараноки  маҳсулоти  зеҳнии  олимон,  риояи меъёрҳои  ахлоқи  академӣ  ва  баланд бардоштани масъулияти субъектҳои ра-ванди аттестатсия мусоидат хоҳад кард.

Сайфиддин ДАВЛАТЗОДА,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода