БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ "ҲАЛИМ 2002"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 52
![]()
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти як қатор иншооти соҳаҳои маорифу саноат ва рафти корҳои бунёди роҳу пулҳо шинос шуданд.
Дар доираи ин сафар Раиси вилояти Хатлон аз фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳалим 2002» низ боздид намуда, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ ва имкониятҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.
ҶДММ «Ҳалим 2002» фаъолияти худро аз соли 2011 оғоз намуда, дар тӯли солҳои фаъолият ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни тиббӣ машғул мебошад. Дар корхона истеҳсоли дастпӯшакҳои тиббӣ, спирт, маводи антисептикӣ, чандин намуди оинаҳои дандонпизишкӣ, пахта, дока ва дигар маҳсулоти зарурии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Маҳсулоти истеҳсолшаванда барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи зарурӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ аҳамияти муҳим дорад. Рушди чунин корхонаҳо дар самти зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нақши назаррас мегузорад.
Зимни шиносоӣ роҳбарияти вилояти Хатлон ба раванди истеҳсолот, сифати маҳсулот ва имкониятҳои рушди минбаъдаи корхона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати риояи талаботи технологӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ тавсияҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати саноати ватанӣ истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ дар дохили кишвар аз самтҳои муҳими таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, истифодаи имкониятҳои мавҷуда, такмили технологияи истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот метавонад барои рушди минбаъдаи корхона заминаи мусоид фароҳам оварад.
Айни замон дар ҶДММ «Ҳалим 2002» 10 нафар мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Фароҳам овардани ҷойҳои кори доимӣ дар маҳалҳо аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Тибқи иттилои масъулини корхона, дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар иншооти истеҳсолӣ ба маблағи 247,5 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тиббӣ истеҳсол гардидааст.
Нишондиҳандаҳои мазкур аз фаъолияти мунтазами корхона ва саҳми он дар рушди истеҳсолоти ватанӣ дарак медиҳанд.
Масъулини ҶДММ «Ҳалим 2002» ният доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, номгӯйи маҳсулоти тиббии истеҳсолшавандаро боз ҳам васеъ намоянд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...