БУНЁДИ 226 ИНШООТ ДАР А, ҶОМӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 56
![]()
Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмуд Амирзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2026 иттилоъ дода шуд, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ идома дошта, аксари нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гардидаанд.
Зикр гардид, ки дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андоз 108 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 46,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 3,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми гардиши савдо ба 246,1 миллион сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 752 миллион сомонӣ расида, мутаносибан 44,3 ва 7,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ 128,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,6 фоиз зиёд шудааст.
Бино ба иттилои раиси ноҳия, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 46,3 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуда, 5,4 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмири асосӣ ва як пули мошингузар бунёд гардид.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 211 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 226 иншоот, ё 107 фоизи нақша, сохта ба истифода дода шудааст.
Дар соҳаи маориф хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 46 медал гардида, инчунин сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ва синфхонаҳои иловагӣ дар 19 муассисаи таълимӣ идома дорад.
Таъкид шуд, ки дар бахши тандурустӣ 175 духтур ва 626 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият дошта, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар беморхонаи марказӣ 629 бемор бистарӣ ва ба ҳамаи онҳо хизмати тиббӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон, дар ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ ва 148 майдончаи варзишӣ фаъолият дошта, варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 61 медал ба даст овардаанд.
Дар фарҷоми нишаст зикр гардид, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2026-2030», ки аз 138 лоиҳа ба маблағи умумии 700,7 миллион сомонӣ иборат аст, барои рушди минбаъдаи ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00