Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ояндаи наздик ҷамъоварии пахта оғоз мешавад


Ояндаи наздик ҷамъоварии пахта оғоз мешавад




Дар даҳаи охири моҳи август дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мегардад.

Тавре  ки  дар  Сарраёсати  кишоварзии  вилояти  Хатлон  иттилоъ  доданд,  ҳоло  дар хоҷагиҳои  пахтакори  вилоят корҳои  агротехникӣ,  аз  ҷумла нигоҳубини  ниҳолҳо,  обёрӣ  ва омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дошта, кишоварзон ҷиҳати  рӯёнидани  ҳосили  фаровон  тадбирҳои  заруриро  амалӣ менамоянд.

Пахта  яке  аз  маҳсулоти муҳимми  содиротӣ  ва  ашёи асосии  саноати  сабук  ба  ҳисоб рафта,  рушди  соҳа  барои  таъмини  корхонаҳои  коркарди пахта  бо  ашёи  хом,  таъсиси ҷойҳои  нави  корӣ  ва  таҳкими иқтидори  содиротии  мамлакат  аҳамияти  калон  дорад.  Бо мақсади  рушди  соҳа,  дар  асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  «Барномаи давлатии  рушди  инноватсионии соҳаи  пахтакорӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2026-2030»  қабул  гардидааст.  Барнома  ба  баланд  бардоштани  ҳосилнокӣ,  ҷорӣ  намудани технологияҳои  муосир,  парвариши  навъҳои  серҳосили  пахта,  тақвияти  иқтидори  кадрӣ  ва рушди устувори соҳа равона шудааст.  Бо  назардошти  таҷрибаи ғании пахтакорони вилояти Хатлон  ва  омодагии  хуби  хоҷагиҳо, интизор  меравад  маъракаи  имсолаи  ҷамъоварии  пахта  муташаккилона баргузор гардад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода