Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Гармии тоқатфарсои тобистон барои бархе танҳо як нороҳатист, аммо барои шахсони гирифтори бемориҳои музмин метавонад хатари ҷиддӣ ба саломатӣ ва ҳатто ба ҳаёт дошта бошад. Дар чунин рӯзҳо табибон пайваста аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва эҳтиёткорӣ ҳушдор медиҳанд. Дар бораи таъсири ҳарорати баланд ба организми инсон ва роҳҳои пешгирии паёмадҳои он бо табиби сироятшинос Муродҷон Бобоҷонов ҳамсуҳбат шудем.
- Имрӯзҳо ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон ба беш аз 42 дараҷа расидааст. Гармии шадид ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
- Дар ҳақиқат, ҳарорати баланди ҳаво метавонад ба саломатии одамон таъсири ҷиддӣ расонад. Дар чунин рӯзҳо хатари гармизадагӣ зиёд мешавад. Ҳангоми гармизада шудан ҳарорати бадан баланд гардида, шахс худро бад ҳис мекунад, сардард, чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, ташнагии шадид ва баъзан беҳушшавӣ ба мушоҳида мерасад. Инчунин, дар натиҷаи таъсири мустақими нурҳои офтоб пӯсти бадан метавонад сӯхта, обила пайдо кунад.
- Кадом гурӯҳи аҳолӣ бештар зери хатари гармии шадид қарор доранд?
- Пеш аз ҳама кӯдакони хурдсол, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин. Барои нафароне, ки аз диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои дил ва саратонӣ ранҷ мебаранд, гармии ҳаво метавонад боиси вазнин шудани ҳолат ва авҷ гирифтани беморӣ гардад. Аз ин рӯ, онҳо бояд бештар эҳтиёткор бошанд.
- Фасли гармо ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ чӣ таъсир мерасонад?
- Ҳарорати баланд барои афзоиши бисёр микроорганизмҳои бемориовар шароити мусоид фароҳам меорад. Дар натиҷа бемориҳои шадиди рӯдаву меъда, домана ва дигар бемориҳои сироятии рӯда бештар ба қайд гирифта мешаванд.
Хавф асосан аз истифодаи обҳои олуда, маҳсулоти зудвайроншаванда, тарбузу харбузаи буридаву муддати дароз дар гармӣ монда, шириниҳо ва дигар ғизоҳои бе нигоҳдории дуруст ба вуҷуд меояд.
- Дар чунин рӯзҳо чӣ гуна заҳролудшавии ғизоиро пешгирӣ кард?
- Пеш аз ҳама, танҳо аз оби ҷӯшонидашуда ё оби бастабандишудаи босифат истифода бурдан лозим аст. Пеш аз истеъмоли меваю сабзавот онҳоро хуб шустан зарур мебошад. Аз харидани маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ худдорӣ кардан, ғизои пухтаро дар гармӣ муддати зиёд нигоҳ надоштан ва қоидаҳои беҳдоштро риоя намудан муҳим аст.
- Ҳар сол дар фасли тобистон ҳодисаҳои ғарқшавии кӯдакон низ зиёд мешавад. Барои пешгирӣ аз ғарқшавӣ чанд тавсия медодед.
- Мутаассифона, чунин ҳолатҳо зиёд ба назар мерасанд. Дар гармии рӯз кӯдакону наврасон барои оббозӣ ба кӯлу дарёҳо мераванд. Аз сабаби надонистану қоидаҳои шиноварӣ ва беназорат мондан баъзан ҳодисаҳои нохуш ба амал меоянд. Аз волидон хоҳиш мекунем, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва танҳо дар ҷойҳои барои оббозӣ иҷозатдодашуда истироҳат кунанд. Қоидаҳои шиноварӣ, ба об якбора даромадан лозим нест. Агар ба об якбора дароянд, кашиши рагҳо дар бадан ба вуҷуд меояд. Хуб мешуд, ки аввал дасту рӯяшонро шуста, баъд ба об оҳиста дароянд.
- Барои кӯдакони хурдсол гармии ҳаво чӣ хатар дорад?
- Дар кӯдакони хурдсол аз сабаби гармӣ аз даст рафтани зиёди моеъ метавонад мубодилаи обу электролитҳо дар организм вайрон шавад. Ин ҳолат боиси беҳолӣ, баланд шудани ҳарорати бадан ва ҳатто хушкшавии организм мегардад. Аз ин рӯ, кӯдакон бояд бештар дар ҷойҳои салқин ва соя нигоҳ дошта шуда, ба онҳо мунтазам оби ҷӯшонидашудаи хунуккардашуда дода шавад.
- Барои пешгирӣ аз таъсири гармии ҳаво чӣ бояд кард?
- Рӯзона ҳангоми баландшавии гармии ҳаво, то ҳадди имкон аз хона берун набароянд. Бояд бештар аз обҳои минералӣ истифода баранд, вале аз нӯшокиҳои спиртӣ ва хеле ширин худдорӣ намоянд. Ҳангоми кор дар замин дар соя истироҳат карда, оби кофӣ нӯшидан муҳим аст.
- Ба сокинон чӣ маслиҳат медиҳед, то ба бемориҳои зикршуда гирифтор нашаванд?
- Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин фасл аҳамияти калон дорад. Тозагии муҳити зист, сари вақт баровардани партовҳо, нигоҳдории дурусти маҳсулоти хӯрокворӣ ва истифодаи оби тоза метавонад аз бисёр бемориҳои сироятӣ пешгирӣ намояд.
Ҳамчунин, шинонидани дарахтони сояафкан дар назди хонаҳо барои паст кардани таъсири гармии ҳаво ва беҳтар шудани муҳити зист мусоидат мекунад. Таъкид мекунем, ки ҳангоми саломатии худро бад ҳис кардан ба марказҳои саломатӣ муроҷиат намуда, тавсияҳои табибонро гирифта, саломатии худро ҳифз намоянд.
- Ташаккур барои суҳбати судманд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
"Хатлон
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Эрон барои мардуми мо кишвари умед аст. Ҳақиқати таърихӣ, ки таъсири тамаддунии миллати тоҷикро аз...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
