МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТИ ШИРКАТИ ЧИНИИ «DINGSHENG CAPITAL CO., LTD.»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 53
![]()
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати «DINGSHENG CAPITAL CO., LTD.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Хуан Линхуэй ва ҳайати мутахассисони ин ширкат мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд.
Яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ дар вилояти Хатлон буд. Зикр гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад дар таҳкими инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ ва рушди соҳаҳои истеҳсолии вилоят саҳми назаррас гузорад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин ҳамкориҳои самарабахши шарикони Ҷумҳурии Мардумии Чинро баланд арзёбӣ намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ изҳор доштанд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...