Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 126 НАФАР ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ СОҲИБИ МАНЗИЛИ НАВ ГАРДИДАНД


126 НАФАР ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ СОҲИБИ МАНЗИЛИ НАВ ГАРДИДАНД




Дар доираи сиёсати давлатии танзими муҳоҷирати дохилӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар ин давра 126 нафар аз ноҳияҳои кӯҳистонии кишвар, аз ҷумла Тоҷикобод, Рашт, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) ва Қубодиён ба ноҳияи Носири Хусрав кӯчонида шуданд. Барои ҳар як муҳоҷир аз ҷониби давлат ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ кумаки яквақта ҷудо гардидааст.

Ин маълумотро Маҳмадаюб Шарифзода раиси ноҳияи Носири Хусрав дар нишасти хабарӣ итилоъ дод.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёт 62 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, ин маблағ барои таъмири 1,1 километр роҳ, таъмири ҷории 23 километр роҳ, таъмири 3 қубур, 2 пул ва корҳои кабудизоркунӣ равона гардидааст. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 90 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, барои кашидани хатҳои уфуқӣ дар масофаи 2 километр, таъмири ҷории 11 километр роҳ ва сафедкунии дарахтони шафати роҳҳо истифода шудааст.

Дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 54 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи кушодашавии онҳо ба 98,1 фоиз расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳолат зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳо 34 ҳолат ба самти кофтукови ҷиноӣ, 1 ҳолати одамкушӣ, 5 ҷинояти вазнин, 1 ҳолати таҷовуз, 8 ҳолати дуздӣ ва 11 ҳолати қаллобӣ рост меояд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҷиноятҳои дуздӣ 3 ҳолат ва қаллобӣ 9 ҳолат афзоиш ёфтаанд.

Не. Самадзода, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода