Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЪМИНОБОД: ИСТЕҲСОЛОТ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН


МУЪМИНОБОД: ИСТЕҲСОЛОТ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН



Зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод муовини раиси ноҳия Мирзобаротзода Салоҳиддин аз натиҷаҳои рушди соҳаҳои дар шаш моҳи аввали соли 2026 иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти ноҳия маҳсуб ёфта, истифодаи самараноки замин ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ нақши муҳим дорад.

Номбурда зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 326,1 миллион сомонӣ расонида шуд. Аз ин маблағ 250,6 миллион сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ ва 75,5 миллион сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ рост меояд.
Ҳамзамон, дар майдони 13 ҳазору 769 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, дар 367 гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир барои истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Бо вуҷуди он ки имсол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 992 гектар картошка кишт шудааст, нақшаи пешбинишудаи кишти ин зироат пурра иҷро нагардидааст. Ба гуфтаи масъулон, сабаби асосии иҷро нашудани нақша норасоии оби полезӣ мебошад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ин мушкилот корҳои барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, аз ҷумла таъмиру таҷдиди каналҳо ва қубурҳои обгузар, марҳила ба марҳила идома дошта, бо анҷоми онҳо имкони васеъ намудани майдони кишти картошка ва таъмини боз ҳам беҳтари бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ фароҳам хоҳад шуд.
Алишери Абдулмаҷид,
«ХАТЛОН»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода