Амалиёти муштараки БДА ва прокуратура дар Бохтар: 50 ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 55
![]()
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Прокуратураи шаҳр бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани сатҳи риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рейди муштараки профилактикӣ баргузор намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба ошкор намудани ҳолатҳои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, истифодаи сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, ҳаракат бо рақамҳои қайди давлатӣ насбнашуда, насби худсаронаи воситаҳои садодиҳанда, идора намудани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва дигар қоидавайронкуниҳои дағал равона гардид.
Тибқи маълумоти масъулон, дар ҷараёни амалиёт 50 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор гардида, аз ин шумора 22 ҳолат ба қоидавайронкуниҳои дағал мансуб дониста шуданд. Аз ҷумла, 15 ҳолат барои идора намудани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, 5 ҳолат барои истифодаи сиёҳшишаи бе иҷозатнома, 1 ҳолат барои насби худсаронаи воситаи садодиҳанда ва 1 ҳолат барои идора намудани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷаи рейд нисбати ронандагони қоидавайронкунанда мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо барои баррасии минбаъда ба майдончаи ҷаримавии Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Бохтар интиқол дода шуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид менамоянд, ки чунин чорабиниҳои профилактикӣ минбаъд низ ба таври мунтазам баргузор гардида, ҳадафи асосии онҳо пешгирии қоидавайронкуниҳо, коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ ва таъмини амнияти ҳамаи иштирокдорони ҳаракат дар роҳ мебошад.
Кормандони БДА аз ҳамаи ронандагон даъват ба амал оварданд, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, аз истифодаи воситаҳои нақлиёти дорои таҷҳизоти ғайриқонунӣ, сиёҳшишаи бе иҷозатнома ва идора намудани нақлиёт дар ҳолати мастӣ худдорӣ намоянд. Риояи қонун ва фарҳанги баланди роҳгардӣ омили муҳими ҳифзи ҷони шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб меравад.
Комрони БАХТИЁР,
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...