Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ШАҲРИТУС ЯГОН ҲОЛАТИ БАРҚДУЗДӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ


ДАР ШАҲРИТУС ЯГОН ҲОЛАТИ БАРҚДУЗДӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ



То имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус ягон ҳолати дуздии неруи барқ ё истифодаи ғайриқонунии он ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора раиси ноҳияи Шаҳритус Тағой Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, пешгирии чунин ҳолатҳо дар ноҳия пеш аз ҳама тавассути корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ пайваста тадбирҳои пешгирикунанда меандешанд.

Ҳамзамон, раиси ноҳия иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти прокуратура ба 39 қарори раиси ноҳияи Шаҳритус эътироз ворид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, қарорҳои мавриди эътироз асосан ба масъалаҳои муносибатҳои замин, амрҳои маъмурӣ ва дигар самтҳо дахл дошта, пас аз баррасии онҳо қисми зиёди қарорҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд.

Тағой Абдуллозода таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии қабули қарорҳои дорои камбудиҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти назоратӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода