Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хуросон: нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба афзоиш доранд


Хуросон: нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба афзоиш доранд




Дар шаш моҳи аввали соли 2026 рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 637 миллиону 279 ҳазор сомонӣ расида, қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 34 миллиону 438 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки 103 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,9 фоизро ташкил дода, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 1260,8 тонна расидааст. Нимаи якуми сол 8,6 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст.

Ба иттилои раиси ноҳия Носир Суризода, дар ин давра гардиши савдои чакана 134,2 фоиз ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 113,6 фоизро ташкил дода, 357 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон беш аз 24,6 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Соҳаи сохтмон низ рушд дошта, корҳои сохтмонӣ ба маблағи зиёда аз 43,5 миллион сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 75,4 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд.

Дар бахши иҷтимоӣ низ пешрафтҳо назаррас мебошанд. Имсол 2109 хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ дар имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ иштирок намуда, 26 нафар соҳиби квотаи президентӣ гардидаанд. Дар ноҳия 1163 корманди соҳаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар шаш моҳи сол ба 4917 бемор хизмати статсионарӣ расонида шудааст.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 239 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки иҷрои 100-фоизаи нақшаро таъмин намудааст.

- Дар шаш моҳи аввали соли 2026 рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид, - афзуд Ё. Суризода. - Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 637 миллиону 279 ҳазор сомонӣ расида, қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 34 миллиону 438 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки 103 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода