БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «АЛИШЕР»-И НОҲИЯИ ХУРОСОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 63
![]()
Дар доираи сафари кории Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Хуросон имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, вазъи нашъунамои пахта ва рафти корҳои кишоварзӣ аз хоҷагии деҳқонии «Алишер»-и деҳаи Меҳнат боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Алишер» дар масоҳати умумии 9 гектар замини кишоварзӣ ташкил гардида, дар деҳаи Меҳнат ҷойгир мебошад. Хоҷагидорон бо истифодаи оқилона ва самараноки замин талош доранд, ки аз ҳар қитъаи замин ҳосили хуб ба даст оварда, саҳми худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ гузоранд.
Зимни боздид ба Раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ соли ҷорӣ дар масоҳати 6 гектар пахтаи зери плёнка кишт намудааст. Айни замон ниҳолҳои пахта дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дошта, кишти мазкур аз ҷониби кишоварзон мунтазам нигоҳубин карда мешавад. Истифодаи технологияи кишти пахтаи зери плёнка имкон медиҳад, ки дар марҳилаҳои аввали нашъунамои растанӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, нигоҳубини зироат самараноктар ба роҳ монда шавад.
Дар 3 гектар замини боқимондаи хоҷагӣ бошад, кишоварзон сабзавот кишт намудаанд. Ҳамин тариқ, хоҷагидор тамоми 9 гектар замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода бурда, барои ба даст овардани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз имкониятҳои мавҷуда оқилона истифода менамояд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ ба масъалаи истифодаи самараноки замин, риояи талаботи агротехникӣ, нигоҳубини саривақтии пахтазор ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза истифодаи босамари заминҳои корам, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди кишти зироатҳои гуногун ва ба даст овардани ҳосили баланд аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00