Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАСТУРА МУМИНЗОДА: "МАСЪАЛАИ ПАРТОВИ ДУДИ КОРХОНАИ СЕМЕНТБАРОРӢ РӮЗҲОИ НАЗДИК ҲАЛ МЕШАВАД"


МАСТУРА МУМИНЗОДА: "МАСЪАЛАИ ПАРТОВИ ДУДИ КОРХОНАИ СЕМЕНТБАРОРӢ РӮЗҲОИ НАЗДИК ҲАЛ МЕШАВАД"



Дар нишасти хабарии раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода масъалаи фаъолияти корхонаи сементбарории шаҳр ва таъсири эҳтимолии он ба муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хабарнигори “Хатлон” аз роҳбарияти шаҳр пурсид, ки барои партофтани дуд ба ҳаво аз ҷониби корхона чӣ гуна меъёрҳои экологӣ муқаррар шудаанд, оё фаъолияти он ба талаботи қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад ва дар давраи фаъолият ҳолати аз меъёр зиёд шудани партовҳои ҳавоӣ ба қайд гирифта шудааст ё не?

Дар посух раиси шаҳри Левакант М. Муминзода таъкид кард, ки фаъолияти корхонаи сементбарорӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бо роҳбарияти корхона ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ ва коҳиш додани таъсири партовҳо ба ҳавои атмосфера суҳбатҳои корӣ анҷом дода шудаанд.

Зикр гардид, ки дар марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа лӯлаҳои дудбарои корхона баландтар карда шуда, ба талаботи стандартҳои экологӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант низ иброз дошт, ки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаро мавриди санҷиш қарор дода, барои беҳтар намудани вазъ як қатор тавсияҳо пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла, насби таҷҳизоти «Мегакатализатор» аз ҷумлаи тадбирҳое арзёбӣ шуд, ки метавонад барои коҳиш додани партовҳои зараровар мусоидат намояд.

Раиси шаҳр афзуд, ки барои бартараф намудани ин масъала тадбирҳои амалӣ андешида шуда, интизор меравад дар рӯзҳои наздик вазъият беҳтар гардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан низ хабарнигори мо ин масъаларо зимни нишасти хабарии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон матраҳ намуда буд. Масъулони ин ниҳод изҳор дошта буданд, ки дар сурати бартараф нагардидани мушкил, он метавонад ба як масъалаи ҷиддии экологӣ мубаддал гардад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода