БЕШ АЗ 41 ТОННА МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ АЗ МУОМИЛОТ ГИРИФТА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 66
![]()
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон 1646 сертификати мутобиқат ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ дода шудааст. Аз ин шумора 653 сертификат ба маҳсулоти воридотӣ, 34 сертификат ба содиротӣ ва 959 сертификат ба маҳсулоти бозори дохилӣ рост меояд. Тавассути низоми «Равзанаи ягона» низ 715 дархости соҳибкорон (630 воридотӣ ва 85 содиротӣ) ба расмият дароварда шудааст.
Иттилоъ дод муовини сардори Раёсати Тоҷикстандарт дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Насрулло Шарифзода.
Ба қавли ӯ дар ин давра мутахассисони Раёсат аз корхонаҳо 473 намунаи маҳсулоти хӯрокворӣ, 339 намунаи маҳсулоти сохтмонӣ ва 629 намунаи маҳсулоти саноати сабукро барои ташхис ба озмоишгоҳҳо ирсол намуданд. Дар натиҷа, 5 ҳолати маҳсулоти сохтмонии ғайристандартӣ ошкор гардид.
Ҳамчунин, дар натиҷаи корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ зиёда аз 41 ҳазору 283 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта ва ғайристандартӣ, инчунин 95 ҳазору 192 дона қанди кӯдакона ва 260 адад бозичаи кӯдаконаи ғайристандартӣ аз муомилот гирифта, барои несту нобудсозӣ супорида шуд.
Ба иттилои Шарифзода, дар самти назорати давлатии воситаҳои ченак низ 61 санҷиш гузаронида шуда, 6586 воситаи ченак мавриди назорат қарор гирифт. Аз ин шумора 587 восита муҳлати санҷиши мутобиқатиашон гузашта ва 715 восита корношоям ё таъмирталаб муайян гардиданд.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...