Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ХАТЛОН СИФАТИ ТАЪЛИМ 6,7 % БАЛАНД ГАРДИД


ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ХАТЛОН СИФАТИ ТАЪЛИМ 6,7 % БАЛАНД ГАРДИД



Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи тиббии Хатлон, ки бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2025–2026 сифати таълим дар донишгоҳ нисбат ба соли гузашта 6,7 фоиз беҳтар гардидааст. Ба гуфтаи масъулон, ин натиҷа самараи тадбирҳои пайваста ҷиҳати такмили раванди таълим, баланд бардоштани маҳорати омӯзгорон ва фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсил мебошад.

Таъкид гардид, ки китобхонаи донишгоҳ мутобиқ ба талаботи стандартҳои давлатӣ бо адабиёти таълимӣ таъмин буда, фонди китобхонаи электронӣ то 155 ҳазору 953 маводи электронӣ ғанӣ гардонида шудааст. Ин имконият ба донишҷӯён барои омӯзиши мустақил ва дастрасӣ ба манбаъҳои муосири илмӣ мусоидат менамояд.

Тибқи натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2025–2026 дараҷаи азхудкунии дониш 99,7 фоиз ва сифати таълим 51,4 фоиз-ро ташкил додааст. Аз 2861 нафар донишҷӯи имтиҳонсупорида 1475 нафар бо баҳои «аъло» ва «хубу аъло» имтиҳонҳоро ҷамъбаст намудаанд. Дар маҷмуъ, нишондиҳандаи сифати таълим аз рӯи 54 фанни имтиҳонӣ ба 72,05 фоиз баробар шудааст.

Ҳамчунин, дар сессияи тобистонаи соли таҳсили 2025–2026 дараҷаи азхудкунии дониш ба 81,1 фоиз расидааст. Гарчанде 545 нафар донишҷӯ бо қарзи академӣ боқӣ мондаанд, аммо сифати таълим нисбат ба соли гузашта 6,7 фоиз ва дараҷаи азхудкунии дониш 0,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки соли ҷорӣ 365 нафар донишҷӯ муассисаро хатм намуданд. Аз онҳо 168 нафар хатмкардаи факултети тиббӣ, 131 нафар факултети педиатрӣ ва 66 нафар факултети стоматологӣ мебошанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 107 нафар аз рӯи ҷойҳои буҷавӣ ва 258 нафар дар асоси шартнома таҳсил кардаанд. Аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои давлатӣ сифати таълим 75,7 фоиз, дараҷаи азхудкунии дониш 100 фоиз-ро ташкил дода, 14 нафар соҳиби дипломи аъло шудаанд.

Дар идомаи нишаст зикр гардид, ки нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардида, ба факултети тиббӣ 36 нафар қабул шудаанд. Ҳамчунин, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 38 нафар омӯзгорону мутахассисон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар самти илм кормандони кафедраҳои донишгоҳ 248 кори илмӣ-нашриявӣ анҷом додаанд. Аз ҷумла, мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, фишурдаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, пешниҳоди ратсионализаторӣ ва як ихтироот омода гардидааст. Ҳамзамон, ду шумораи маҷаллаи илмии «Симурғ» ва шаш шумораи рӯзномаи «Пайки шифо» ба табъ расидааст.

Тавре дар нишаст таъкид шуд, фаъолияти илмии донишҷӯён низ сол ба сол густариш ёфта, дар донишгоҳ 30 маҳфили илмӣ фаъолият дорад. Донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъол намуда, дар озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба натиҷаҳои арзанда ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар олимпиадаҳои байналмилалии баргузоршуда дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Андиҷон ва Ижевск дастаи донишгоҳ соҳиби 4 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм ва 20 ҷойи ифтихорӣ шудааст.

Дар фарҷоми нишаст масъулони донишгоҳ иброз доштанд, ки минбаъд низ барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.

Алишери Абдулмаҷид,

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода