Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ХАТЛОН 547 МУШТАРӢ БА ИНТЕРНЕТИ БАЛАНД СУРЪАТИ НАХИ НУРӢ ПАЙВАСТ ШУД


ДАР ХАТЛОН 547 МУШТАРӢ БА ИНТЕРНЕТИ БАЛАНД СУРЪАТИ НАХИ НУРӢ ПАЙВАСТ ШУД



Дар шаш моҳи соли 2026 мутахассисони филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон 547 муштариро бо истифода аз хатҳои нахи нурӣ ба интернети баландсуръат пайваст намуданд. Дар ин бора директори филиал Алиҷон Махмалов зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра барои рушди инфрасохтори алоқа ва татбиқи лоиҳаҳои СРОN зиёда аз 53,4 километр хатҳои алоқаи нахи нурӣ хобонида шуданд. Ин корҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Ёвон, Шаҳритус, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз ва дигар минтақаҳо амалӣ гардида, инчунин барои барқарорсозии хатҳои алоқа ва таъмини шабакаҳои коммуникатсионӣ истифода шудаанд.
Ҳамзамон, музди миёнаи меҳнат дар филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли 2026 ба 2 ҳазору 854,85 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (983 сомонӣ) 2,9 маротиба зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии кормандон ва рушди фаъолияти соҳа дарак медиҳад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода