РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ТАҒОЙБОБО» БОЗДИД НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 94
![]()
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти истифодаи самараноки замин, нашъунамои пахта, кишти такрории сабзӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Тағойбобо» боздид намуданд.
Зимни боздид ба Раиси вилоят оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва ҳолати парвариши зироатҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Хоҷагии деҳқонии «Тағойбобо» соли 2009 таъсис ёфта, дар майдони умумии 3,37 гектар фаъолият менамояд. Роҳбарии хоҷагиро Кирматов Ҳамза ба зимма дорад.
Дар хоҷагӣ аз масоҳати умумӣ 2,17 гектар барои кишти пахта ҷудо гардида, 0,60 гектар пелезӣ, 0,40 гектар сабзӣ ва 0,20 гектар ҷуворимаккаи донӣ кишт шудааст. Ин тарзи истифодаи оқилонаи замин имкон медиҳад, ки аз ҳар қитъа самаранок истифода бурда шуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёбад.
Хоҷагии деҳқонии «Тағойбобо» дар деҳаи Саройкамари ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ҷойгир буда, яке аз хоҷагиҳое маҳсуб меёбад, ки дар самти рушди пахтакорӣ ва татбиқи кишти такрорӣ фаъолияти назаррас дорад.
Дар ҷараёни боздид Раиси вилояти Хатлон бо деҳқонон суҳбати самимӣ анҷом дода, аз вазъи зиндагӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ шинос гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳа ба ҳисоб мераванд.
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагиҳо ба баланд бардоштани масъулияти кишоварзон, истифодаи босамари захираҳои замин ва вусъати истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...