РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ДЕҲАИ КАБУТОБ БОЗДИД НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 78
![]()
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозии роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи деҳаи Кабутоб, ки дар масофаи 2 километр идома дорад, боздид намуданд.
Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки азнавсозии роҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми фаъоли сокинони деҳаи Кабутоб амалӣ гардида, ҳадафи он беҳтар намудани шароити ҳаракати нақлиёт, осон намудани рафтуомади аҳолӣ ва рушди инфрасохтори деҳа мебошад.
Гуфта шуд, ки корҳои азнавсозии роҳ соли ҷорӣ оғоз гардида, то имрӯз марҳилаи тахту ҳамворкунии роҳ пурра ба анҷом расидааст. Дар марҳилаи минбаъда корҳои мумфаршкунӣ ва дигар корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи техникӣ идома хоҳанд ёфт.
Барои татбиқи ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯст ва сокинони маҳаллӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардидааст. Ин иқдом намунаи ҳамкории самарабахши мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ дар ободонии маҳал ва рушди инфрасохтор арзёбӣ мегардад.
Зимни боздид Раиси вилояти Хатлон бо масъулин ва сокинон суҳбат намуда, саҳми соҳибкорон ва аҳолиро дар пешбурди корҳои созандагӣ баланд арзёбӣ карданд. Ҳамзамон ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи мутобиқ ба стандартҳо ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Таъкид гардид, ки беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон, густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини равуои бемамониати нақлиёт мусоидат намуда, яке аз самтҳои муҳими сиёсати ободониву созандагӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...