Дар Хатлон 2924 ҳолати қонунвайронкунӣ дар истифодаи неруи барқ ошкор гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 189
![]()
Имрӯз, зимни нишасти хабарии прокуратураи вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда вобаста ба риояи қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ 2924 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор шудааст.
Ба гуфтаи прокурори вилояти Хатлон, нисбати 20 нафар нозирони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо гумони азхудкунии зиёда аз 340 ҳазор сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгир шудаанд.
Зикр гардид, ки гумонбарон неруи барқи истифоданашударо ғайриқонунӣ ба зиммаи муассисаҳои буҷетӣ вогузор намуда, боиси ба вуҷуд омадани 2685 сомонӣ қарздорӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, қайд намуд, ки дар ин давра дар асоси амрҳои прокурор 65,1 миллион сомонӣ маблағи қарзи истифодаи неруи барқ барқарор карда шудааст.
Прокуратураи вилояти Хатлон таъкид намуд, ки назорат аз болои риояи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи неруи барқ минбаъд низ тақвият дода шуда, нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...