Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 720 ХОНАНДА ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 720 ХОНАНДА ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар деҳаи Самангони ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фармоишгари лоиҳа маблағгузорӣ гардида, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ «Мусаввир» таҳия шудааст.

Бинои нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот бо тарҳи муосир ва шакли чоркунҷа сохта шуда, барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбия мутобиқ ба талаботи соҳавӣ бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми бино тамбури даромадгоҳи асосӣ, миёнасарой бо зинапояҳои марказӣ, синфхонаи физика бо озмоишгоҳ барои 24 хонанда, чор синфхонаи таълимӣ барои ҳар кадом 24 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои санитарию гигиении алоҳида барои мардону занон, ҳуҷраи техникии гармидиҳӣ ва роҳрави умумӣ ҷойгир мешаванд.

Дар ошёнаи дуюм синфхонаи химия бо озмоишгоҳ барои 24 хонанда, чор синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраҳои санитарию гигиенӣ, ҳуҷраи техникии гармидиҳӣ ва дигар утоқҳои хизматрасон пешбинӣ шудаанд.

Ошёнаи сеюм бошад, синфхонаи биология бо озмоишгоҳ, чор синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраҳои санитарию гигиенӣ ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2026 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли 2026 пурра ба анҷом расонида шаванд.

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлати муайяншуда ва истифодаи масолеҳи сохтмонии босифат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагӣ шароити таълим барои садҳо хонандаи муассиса беҳтар гардида, имкониятҳои нави таълиму тарбия фароҳам оварда мешаванд.

Рамазони МИРЗОМИДДИН,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода