Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ» ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ» ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА



Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «А. Ҷомӣ», воқеъ дар деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл боздид намуда, бо рафти истифодаи самараноки замин ва нашъунамои пахта аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «А. Ҷомӣ» таҳти роҳбарии Маҳмудов Қанд фаъолият дошта, масоҳати умумии он 18 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 11 гектар ба кишти пахта ва 7 гектари дигар ба боғи анору шафтолу ҷудо гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар хоҷагӣ 27 нафар саҳмдор фаъолият намуда, бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон талош доранд. Майдонҳои пахта дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дошта, корҳои нигоҳубини зироат, аз ҷумла обёрӣ, нармкунии байни қаторҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон сари вақт анҷом дода мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо роҳбарону кишоварзони хоҷагӣ аз самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва рушди боғдорӣ ҳамчун яке аз роҳҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ёдовар шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи замин, риояи тавсияҳои илмӣ ва агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва рушди боғҳои мевадиҳанда барои афзоиши даромади хоҷагиҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамояд.

Дар анҷоми боздид Раиси вилоят ба масъулони соҳа ва роҳбарияти хоҷагӣ ҷиҳати нигоҳубини босифати зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва таъмини ҳосили баланд дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Рамазони МИРЗОМИДДИН,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода