РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ШУЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ БОЗДИД НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 114
![]()
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмони шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия боздид намуда, бо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сифати онҳо шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар кӯчаи А. Рӯдакии маркази ноҳияи Дӯстӣ ҷойгир буда, фармоишгари сохтмон Муассисаи давлатии «Идораи сохтмони асосӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби ҶДММ «Маъруфшаҳрсоз» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «ИН-ТЕХ ТИҶОРАТ» ба иҷро мерасонад.
Тибқи лоиҳа, дар қитъаи замини ҷудогардида бинои асосии шуъбаи бемориҳои сироятӣ, бинои навбатдорӣ, ҳуҷраи безараргардонии воситаҳои нақлиёт, дегхона, анбори ангишт, иншооти сӯхторхомӯшкунӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории хлор ва кислород, ҳавзи сӯхторхомӯшкунӣ, зеристгоҳи барқӣ, инчунин хоҷатхона барои 8 ҷой бунёд гардида, роҳу роҳравҳо ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешаванд.
Масоҳати умумии қитъаи замини лоиҳавӣ 4704 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин ҳисоб 1361 метри мураббаъ зери сохтмон, 1718 метри мураббаъ роҳу майдончаҳо ва 1624,96 метри мураббаъ барои сабзазор пешбинӣ шудааст.
Арзиши умумии лоиҳа 9 миллиону 913 ҳазору 550 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 6 миллиону 723 ҳазору 710 сомонӣ барои корҳои сохтмонию васлгарӣ ва 2 миллиону 274 ҳазору 900 сомонӣ барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва мебел равона мегардад.
Бино ба маълумоти масъулон, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2026 ба анҷом мерасанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти соҳаи тандурустӣ имкониятҳои ташхис, табобат ва хизматрасонии тиббӣ барои беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ беҳтар гардида, сатҳи ҳифзи солимии аҳолии ноҳия боз ҳам баланд хоҳад шуд.
Зимни боздид Раиси вилояти Хатлон ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлати муайяншудаи сохтмон, таъмини сифати баланди корҳои иҷрошаванда ва истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...