Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД



26 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030)» баргузор гардид.

Дар кори семинар Ашурбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Ёсуман Акрамзода, муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Искандар Ғафурзода , муовини якуми сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, инчунин роҳбарону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ намояндагони Агентӣ мазмун ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми татбиқи он, ҳадафу вазифаҳо ва механизмҳои амалисозии санадҳои стратегиро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи босамари Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои баланд бардоштани шаффофият, таҳкими қонуният, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва рушди низоми самараноки идоракунии давлатӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Дар ин замина аз масъулини сохторҳои давлатӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда масъулияти бештар зоҳир намуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Дар фарҷоми семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби намояндагони Агентӣ ҷавобҳои муфассал дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи асосии баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва таъмини иҷрои босифати қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ мебошад.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода