ИМТИҲОНҲОИ ДОХИЛШАВӢ АЗ 1 ИЮЛ ОҒОЗ МЕШАВАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 169
![]()
Аз 1 то 10 июли соли 2026 дар саросари кишвар даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад. Дар ин марҳала довталабоне иштирок мекунанд, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз 2 март то 30 апрел номнавис шудаанд.
Бино ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиҳонҳо аз рӯйи қисмҳои А (дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар 55 маркази имтиҳонӣ доир гардида, то 10 июл идома хоҳанд ёфт.
Барои роҳнамоии довталабон рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ ташкил шудаанд, дар сомонаи Маркази миллии тестӣ нашр гардидааст. Маълумоти дақиқ дар бораи ҷой, сана ва вақти имтиҳонсупорӣ дар даъватномаи ҳар як довталаб ва ҳамчунин дар кабинети инфиродии ӯ дастрас мебошад.
Масъулони Марказ тавсия медиҳанд, ки довталабон пеш аз рӯзи имтиҳон бо нишонии маркази имтиҳонии худ шинос шуда, масири ҳаракатро пешакӣ муайян намоянд. Ин иқдом барои сари вақт ҳозир шудан ба имтиҳон ва пешгирӣ аз мушкилоти эҳтимолӣ мусоидат мекунад.
Марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз ҷумла ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, инчунин ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва шаҳри Хоруғ ташкил карда мешаванд.
Н. САИД, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...