ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 110
![]()
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовинони раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар иҷлосия ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №45 шунида шуда, ваколати вакили навинтихобшуда тасдиқ гардид.
Ҳамчунин, рафти иҷрои Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024–2028 ва Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022–2027 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки татбиқи ин барномаҳо дар беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки захираҳои об, рушди соҳаи кишоварзӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ нақши муҳим дорад.
![]()
Дар идомаи иҷлосия масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ба масъалаҳои риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тозагии муҳити зист ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
![]()
Дар анҷоми иҷлосия ба роҳбарони сохторҳо ва мақомоти маҳаллӣ барои иҷрои босифати вазифаҳо, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят ва татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
-
14-11-2022, 13:23
Ба хотири таҷлил аз 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти...
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
10-02-2025, 13:17
Дар Тоҷикистон танзими ҳуқуқии интихобот тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...