Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК


САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК


22 ноябр раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва сохт-мони иншоотҳо дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Темурмалик сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода нахуст аз корхонаи истихроҷи сангу шағал дар деҳаи Даҳани намак дидан карданд. 

Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Файзи Шакур» бунёд мегардад. 

Иқтидори истеҳсолии корхона, ба иттилои сармуҳосиби он Музаффар Ҳошимов, 100-120 метри мукааб дар як шабонарӯз мебошад. Дар ин иншоот айни ҳол 15 нафар бо маоши миёна дар ҳаҷми 1400 сомонӣ ва баъди ба пурра мавриди истифода қарор гирифтан беш аз 25 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. 

Таҷҳизоти корхона аз Хитой харидорӣ ва насб шудааст. Ба истифода додани иншооти мазкур дар соли 2021 дар назар дошта шудааст.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ёрдамчии Президенти мамлакат Абдуҷаббор Раҳмонзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти "Кангурт" дидан карданд.

Иншооти мазкур аз рӯйи лоиҳаи сохтмонӣ барои 500 нафар тамошобин бунёд гардида истодааст. Айни замон корҳои пардозгарӣ дар иншоот ҷараён дорад.

Маблағгузории иншооти мазкур, ки 10 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ М.Шоҳиён ба роҳ монда шудааст. Ба кори сохтмон 80 нафар бинокорону меъморон ҷалб гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки  иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи умум қарор хоҳад гирифт.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси 

вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода