Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАПИШИ ДИЛИ САРҲАДБОНУ МОДАР ЯК АСТ


ТАПИШИ ДИЛИ САРҲАДБОНУ МОДАР ЯК АСТ




Офтоб дар пушти боғи гулпӯши зардолу бо ҳазор ранг баъди ба гулҳо бархӯрдан инъикос шуда, майл ба фурӯравӣ дошт.  Ҳайати навбатдори сарҳадӣ каме дуртар аз боғ, аз канори хатти сарҳад ҷониби дидбонгоҳ равон буд. Беҳрӯз ба боғи пур аз гулу офтоби дастафшон, ки то субҳи дигар хайрбод гуфта истода буд, назар намуда, хаёлаш ба соле қабл рафт. Ба он рӯзе, ки модараш ӯро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуда буд. Он рӯз дарахтони рӯйи ҳавлӣ акнун гул мекарданд. Имрӯз бошад,  аллакай як сол сипарӣ шуд. Як сол боз ӯ дар сарҳад ҳамчун сарҳадбон хизмат менамояд. Беҳрӯз гумон мекунад, ки тапиши дили сарҳадбон ва модар як аст. Зеро дили сарҳадбон ба  хотири  Ватан  метапад,  дили  модар  бошад,  ба  писари сарҳадбонаш. 

Ҳамин аст, ки ҳар сарҳадбон рӯзҳои аввали ба хизмат омаданаш модарашро зиёд ёд мекунад. Боре яке аз ҳамхизматон
аз рухсатӣ ба ӯ китоби “Модарнома”-и Лоиқ Шералиро туҳфа овард. Аз он рӯз бо хондани шеърҳои маҷмуа модарашро ба ёд меоварду симои ӯро тасаввур мекард. Беҳрӯз тамоми шеърҳои китобро ҳифз намуда буд. Ҳар гоҳе ба сарҳад мерафт, симои модараш пешорӯйи ӯ қарор мегирифт. Модараш гӯё бо ӯ қадам мезад. Зеро ҳар шеъри“Модарнома” барои ӯ монанди филме аз зиндагӣ буд.

Вақте шеъри“Фарзандон”-ро зери лаб замзама мекард, саҳнаи нишасти модараш рӯйи суфраи ҳавлӣ бо пиразанҳои ҳамсоя ба ёдаш меомад. Чеҳраи нуронии онҳоро қарси сапед боз ҳам нуронитар мегардонд. Софу бурҷило.
...Ту ҳайрон мешавӣ, аммо дар ин дунё,
Ба ҳар кас қиматеву навбате ҳаст,
Ту дар як гӯшаи хомӯши кӯҳистон
Ки ғайри тундари фасли баҳорон
Намесозад хамӯшии варо дигар садо вайрон
Фақат бо пиразанҳамсоя ҳасрат мекунию бас...
Дар фасли зимистон ҳамин шеърро ҳамеша зери лаб зам-зама мекард:
...Зимистон барф то зону,
Зи чашма кӯза бар сар об меорӣ,
Зи рӯйи барфи лағжон хастаю нотоб меорӣ.
Ба зери дегдон оташ ниҳода
Ту дар ҳар шуълаи рақсони он чун фолбинон
Маро бинӣ, маро андар ҳузури хеш пиндорӣ...

Модар ягона нафари ҳаёт аст, ки бемориву хастагиро ба хотири фарзанд фаромӯш месозад. 

Баъзан мешуд, ки Беҳрӯз субҳро дар хатти сарҳад пешвоз мегирифт. Он лаҳзаҳо низ шеъре аз“Модарнома”-ро барои худ замзама мекард. Бештари ҳолат дар он лаҳзаҳо шеъри “Модар” ба хотираш меомад. Ҳар субҳ дастони модар бӯйи шири
навдӯшида мекард.
Бӯйи ҷону бӯйи нону бӯйи пистон,
Бӯйи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯйи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту модар,
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ
Офарин хонанд бар азму ба имони ту модар...

Воқеан ҳам офарин бар қудрати беинтиҳои модар, ки дар зиндагии сахту сангин ҳамеша устувор аст.

Беҳрӯз гоҳе ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ аз канори деҳа гузашта, сӯйи сарҳад равон мегашт. Лаҳзаҳое мешуд, ки садои занги мактаби деҳа ба гӯшаш мерасид, ё рафтани хонандагонро  ба  мактаб  медид.  Дар  ин  фурсат  хотираҳои зиндагӣ мисли филме ба ёдаш меомаданд. Дасти худро дар дасти модар медид, ки ҷониби мактаб равон ҳастанд. Боз ҳам ба ёдаш шеъре аз Лоиқ меомад:
Бе гулу гулдаста мактабхона мебурдӣ маро,
Дошта аз дасти ман шодона мебурдӣ маро.
Баъди мактаб то дили шаб бо забони шаккарин
Бар ҷаҳони қиссаю афсона мебурдӣ маро.
...Занги мактаб ҳар саҳар чун занги субҳи баччагӣ
Аз маро то пеши мактаб бурданат ёд оварад.

Лаҳзае, ки аз болои манораи мушоҳидавӣ тарафи деҳа на-зар менамуд, чашмаш ба кӯдакон бармехӯрд. Онҳо бо қалби
поку бекина ва лабхандҳои самимона машғули бозианд. Ди-лаш мисли шеърҳои Лоиқ Шералӣ сӯйи кӯдакӣ парвоз намудан
мехост. Ба ёди он лаҳзаҳое, ки худро бемор вонамуд мекард, то бидонад дили модар ба ӯ месӯзад ё на.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре боз гардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям,
Ки аз нав модарамро хандарӯ бинам.
Ба ӯ гӯям, ки эй модар, ба ёдат ҳаст,
Замони кӯдакӣ гоҳо ба беморӣ задам худро,
Ки  то  донам  дилат  бар  кӯдаки  бемор  месӯзад, 
намесӯзад?
Ба рӯйи бистарам гирйиста будӣ,
Худоёнро тавалло карда будӣ...

Барои сарҳадбон калимаи модар ва Ватан азиз мебошад.  Чунонки барои Лоиқ Шералӣ низ азиз буд:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост.
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Модар ва Ватан ду вожае ҳастанд, ки дар тафсири кардани он ҳама ба душворӣ рӯ ба рӯ мешавад. Зеро дар бораи чизҳои муқаддас сухан гуфтан душвор аст. Сарҳадбон низ ба хотири ҳифзи ин ду арзиши муқаддас сина сипар мекунад. Лоиқ низ дар ситоиши ин муқаддасот зебо гуфтааст:
Чунон, ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе, сарманзиле, меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.
Агар  Ватан  тан  бошад,  сарҳадбон  рӯҳи  бедори  он  аст. 
Иҷрои ин масъулияти ҷавонмардона аз ҷониби сарҳадбон, пос
доштани шири сафеди модар аст.
Адои ҳаққи шири туст ҳар як лаҳзаи умрам,
Аз он саргаштаам модар,
Аз он дар ҷомадон шуд хонумонам,
Ки дар ҳар гӯшаи дунё туро ҳамду сано хонам,
Ҷавонии туро кобам,
Бузургии туро ёбам!

Оре,  модар  бузург  аст.  Бузургдошти  модар  эҳтиром  ба Ватан аст. Шаҳомати Ватан бошад, дар доштани фарзандони далеру шуҷоъ ва сарҳадбонони сарсупурдаи он мебошад. Шуҷоати сарҳадбон шуҷоати Ватан аст, бедории сарҳадбон кафили амнияти кишвар аст.

Ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонон нишонаи дӯст доштани Ватан аст. Оре, ҳама кору пайкори мо ба хотири Ватан аст. Иншои маҷмуаи “Модарнома”, ки дар он модари миллат таҷассум ёфтааст, ба хотири Ватан аст. Ин аст, ки“Модарнома” порае аз қалби ҳамаи сарҳадбонон гаштааст ва дар он симои модари худро мебинанд. 

Раҳимҷони ВАТАН, рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода