Боздиди раиси вилоят аз ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 820
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз хоҷагиҳои тухмипарварии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ва Сафар Ҷумъаев дидан намуд. Тавре ки ба раиси вилоят иттилоъ доданд, хоҷагидорону кишоварзон дар майдони зиёда аз 350 гектар замини хоҷагиҳои номбурда навъҳои тухмии “Флеш” ва “Элита”-ро кишт намудаанд, ки ба обу хоки ин минтақа мутобиқ буда, айни замон нашъунамои хуб дорад. Аллакай дар қисмате аз гӯшаҳои замин шукуфтани пахта низ ба мушоҳида мерасад.
Зимни боздид аз қитъаҳои пахта раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба хоҷагидорону кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосил маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати гузаронидани корҳои агротехникӣ, пошидани дору ва заҳрхимикатҳои мавсимӣ барои эмин нигоҳ доштани ҳосили пахта аз ҳар гуна ҳашарот ва касалиҳои зараровар дастури мушаххас дод.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин бо раванди корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, дидан намуд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои прокуратураи ноҳия бо маром ҷараён дорад. Бино аз се ошёна иборат буда, дорои 9 утоқи корӣ ва як толори маҷлис барои кормандони мақомоти прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Корҳои сохтмониро ҶДММ “Азия”-и шаҳри Бохтар ба уҳда дорад.
Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сифати хуб сохта шуда, яке аз иншооти ҷашние мебошад, ки бо шакли меъмории муосир бунёд гардида, вале то ҳол қисмате аз ашёву лавозимоти зарурӣ насб карда нашудааст. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар рӯзҳои наздик камбудию норасоиҳоро бартараф намоянд.
Сиёсати ободгарона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастгирӣ намуда, имрӯзҳо дар маркази ноҳия ва атрофи он бахшида ба ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо бунёди як қатор иншоотҳои бузурги маишию хизматрасонӣ дар ободӣ ва пешрафти ноҳия саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода пайи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба бунёдкорӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии шаҳраки хурд дар Ҷамоати шаҳраки Балхӣ дидан кард. Дар ин шаҳраки навбунёд дар майдони 25 гектар замин иншооти гуногун, аз ҷумла мактаб-литсей барои 720 нафар хонанда, майдони варзишӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст, 2 адад хобгоҳи 4-ошёна, 6 бинои истиқоматии 5-ошёна, меҳмонхона, кӯдакистон барои 330 кӯдак ва дигар иншооти ёрирасон аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ” бунёд шуда истодааст.
Гуфтан бамаврид аст, ки биноҳои навбунёд бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, дар оянда барои ин давлату миллат хизмат мекунанд. Раиси вилоят ва ҳайати меҳмонон бо тамоми корҳои сохтмоние, ки дар биноҳои навбунёди истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон ва майдони варзишӣ ҷараён доранд, аз наздик шинос шуда, бо соҳибкорону сохтмончиён суҳбати озод орост.
Дар назди ҳар як бинои сохташаванда гулгашту фаввораҳо бунёд гардида, гулу дарахтони нодир шинонида мешавад. Инчунин дар мавзеи гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ, мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ корҳо идома дошта, муҷассамаи шоир аллакай омода мебошад.
Ба хотири гиромидошти шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳраки хурди навбунёд хона-музейи ӯ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд. Тибқи иттилои масъулин, дар қисмати зиёди иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Дар ин макони сохтмонӣ садҳо нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардида, бо ҷойи хоб, маош ва се вақт ғизои гарм таъмин мебошанд. Масъулин талош доранд, ки ин шаҳраки хурди навбунёдро то ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода диҳанд.
Баҳром Миров, Ҳангомаи Исмат,“Хатлон”