Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пайрави касби падар


Пайрави касби падар




Дар  замони  муосир,  ки  рушди  соҳаи  тандурустӣ  яке  аз самтҳои афзалиятноки давлат маҳсуб меёбад, чеҳраҳои ҷавоне зуҳур  мекунанд,  ки  бо  заҳмату  ирода  ва  дили  пур  аз  меҳр  ба мардум хизмати босамар мерасонанд. Яке аз онҳо табиби ҷавон ва мутахассиси соҳаи эндокринологияи Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии  шаҳри  Бохтар  Шодрӯз  Сафаров  аст,  ки  бо  фаъолияти пурмаҳсули  худ  тавонистааст  эътимоди  мардумро  ба  даст  орад  ва  дар роҳи пурмашаққати тиб саҳми арзанда гузорад.

Шодрӯз Сафаров аз кӯдакӣ муҳаббат ба пешаи табибиро аз падараш – табиби кӯдакон  ба  мерос  гирифтааст.  Вақте  ки беморон ба хонаи онҳо меомаданд ва падараш бо меҳрубонӣ ба дарди онҳо мерасид, дили кӯчаки Шодрӯз пур аз эҳсоси ҳамдардӣ  мешуд.  Маҳз  ҳамин  лаҳзаҳо, муҳити  хонаводагӣ  ва  дастгирии  падару  модар  сабаби  он  гаштанд,  ки  ӯ  роҳи заҳматталабу  пурмасъулияти  духтуриро пеш гирад.

Шодрӯз   ҳанӯз  дар  мактаб  бо  дӯст доштани  фанни  биология  дар  озмунҳои вилоятӣ  иштирок  намуд  ва  бо  ишғоли ҷойҳои намоён ба худ ва ояндааш боварӣ пайдо  кард.  Ин  натиҷаҳо  муҳаббати  ӯро ба  касби  табибӣ  қавитар  карданд.  Баъдан,  ӯ  ба  Донишгоҳи  давлатии  тиббии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2014 онро хатм кард ва пас аз гузаштани интернатура фаъолияти кории худро оғоз намуд.

Солҳои  аввали  корӣ  Шодрӯз  бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд. Вай бо самимият иқрор мешавад, ки ҳолатҳое дошт, ки мехост соҳаашро тарк кунад. Аммо маҳз ҳамин душвориҳо ӯро водор карданд, ки бештар омӯзад, таҷриба андӯзад ва дар ҷодаи худ устувор бошад. Ӯ бо шарофати  имкониятҳои  Истиқлол  ва  дастгирии давлат  тавонист  барои  такмили  ихтисос ба  чанд  кишвари  хориҷӣ,  аз  ҷумла  Россия,  Қазоқистон,  Туркия,  Ҷопон,  Чин  ва Ӯзбекистон сафар намояд. Ин сафарҳо барои ӯ такони ҷиддӣ шуданд.

Имрӯз  Шодрӯз  Сафаров  на  танҳо  як мутахассиси  варзида,  балки  устоди  хуб низ  мебошад.  Вай  ду  шогирд  дорад,  ки яке аллакай ҳамчун духтур фаъолият дорад ва дувумӣ омода аст, зери роҳбарии устодаш  таҷрибаи  худро  такмил  диҳад. Ин нишонаи он аст, ки ӯ на танҳо ба рушди шахсии худ, балки ба тарбияи кадрҳои нав низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Дар  охири  суҳбати  худ  Шодрӯз  Сафаров  ба  ҷавонон,  бахусус  донишҷӯён маслиҳат  медиҳад,  ки  вақти  худро  сарфи  омӯзиш  намоянд  ва  аз  мушкилиҳо наҳаросанд.  Ба  қавли  ӯ,  ҳар  шахс  бояд дар роҳи интихобкардааш устувор бошад ва  доимо  дар  пайи  такмил  додани  худ қарор гирад. Вай тамоми ҷавонони кишварро  ба  муносибати  Рӯзи  ҷавонон  та-рик  гуфта,  онҳоро  ба  хизмати  содиқона 
ба халқу ватан даъват мекунад.

Рамазони МИРЗОМИДДИН, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода