Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Китоб - махзани илму маърифат


Китоб - махзани илму маърифат



Ман  ҳанӯз  аз  овони  кӯдакӣ  ва  наврасиам  ба  китоб  меҳру муҳаббати  беандоза  калон  доштам.  Дар  тасаввури  ман  китоб яке аз рафиқони ҳамдаму мунис ва наздиктарини ман ба ҳисоб мерафт.

Солҳои  мактабхониам  аз  синфи  сеюм ба  китобхонаи  мактаб  аъзо  мешудем. 

Ҳоло  ҳам  аввалин  китоби  аз  китобхона гирифтаамро  дар  ёд  дорам.  Он  афсонаи “Кулоҳсурхак”  буд.  Мувофиқи  оинномаи китобхона  баъди  се  рӯзи  китобро  гирифтан  китобхон  метавонист  он  китобашро супорида,  китоби  дигар  бигирад.  Ман “Кулоҳсурхак”-ро  дар  як  нишастан  хонда  баромадам.  Чун  китобро  ба  китобхона овардам,  китобдор  онро  қабул  накарда, “Ҳоло ду рӯз муҳлатат мондааст, зуд ба хонаатон рав”,- гуфт.

Баъдтар  вақти  дар  синфҳои  болоӣ таҳсил  карданам,  китоб  чун  маводи  ғизои маънавӣ  дар  ҳаёти  ман  ҷойгузин  шуда монд.  Шиори  замони  хурдсолии  ман  ана ҳамин байт буд:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.


Хуб дар хотир дорам. Вақте дар синфи шашум таҳсил карданам, як шарикдарсам “Саргузашти  Собир”  ном  китобе  дар  даст вориди  синфхона  гардид.  Азбаски  падари ин хонанда омӯзгор буд, дар хонаашон китобҳои бадеии зиёде доштанд. Ман то он дам дар бораи адиб Сотим Улуғзода маълумоти  мукаммале  надоштам.  Баробари донистани ин ки он асари нависандаи забардаст аст, аз ҳамсинфам хоҳиш кардам, то  китобашро  як-дурӯза  барои  қироат  ба ман ба орият бидиҳад. Ӯ розӣ шуд. Китоб мухтасари  повести  тарҷумаиҳолии  нависанда Сотим Улуғзода “Субҳи ҷавонии мо” будааст.

Асар шурӯъ аз саҳифаи аввал диққати мани  хонандаи  хурдсолро  ба  худ  чун қаҳрабо  ҷалб  карда  буд.  Ҳарчанд  то  ин вақт китобҳои бадеии афзуне хонда будам, “Саргузашти Собир” гӯё маро сеҳру афсун намуда буд.

Бо тасвирҳои ҷаззоб, муҳокимарониҳои ба ҳаёти мо, бачаҳо, наздик тамоми воқеаву рӯйдодҳо дар он ба инъикос омада буданд.

Ман хаёлан бо қаҳрамони асосии асар- Собир якҷоя гашту гузор менамудам. Дар ҳама ҷо гӯё Собир дар паҳлӯям, дар барам ҳамроҳ,  маслиҳатгар,  ҳамадон  ва  рафиқи содиқи  доимӣ  буд  ва  ин,  албатта,  сабаб дошт.  Зеро  Собир  бо  меҳнатқаринию  матонат  ва  маърифатнокиаш  қалби  маро тасхир  кардаю  намунаи  ибратам  гашта буд. Собир бо вуҷуди аз падару модараш дар даврони хурдсолӣ маҳрум гардиданаш руҳафтода  намешавад.  Аз  ҳама  муҳимаш он,  ки  тамоми  ранҷу  машаққатҳоро  паси сар намуда, баҳри хондан, баҳри саводнок гардидан ҷадал менамояд.

Вақте  ки  овозаи  дар  деҳаашон  баъди аз фаъолият боз мондани мактаби Муллозайниддин  кушода  шудани  мактаби  усули навро мефаҳмад, он шаб аз хурсандӣ хоб аз дидагони Собир мепарад. Пагоҳӣ Собир бо рафиқаш Солеҳ азм карда буданд, ки ба мактаби нав раванд. Аммо амаки золимаш (таъбири Собир)  ин  орзуву  ҳавас  ва шавқу  рағбати  ӯро  барбод  дода,  аз  каллаи саҳар  Собирро  бедор карда, ба хӯшачинӣ ва гандумдаравӣ  ба  як дашти  аз  деҳаашон дуре  бурданӣ  мешавад.  Собир  дили  бе-дилон  дар  даст  досу ресмон аз паси амакаш қадам  мепартояд.  Вале ёду  хуши  ӯ  ба  мактаби нав  ва  рафиқони  мактабхонаш  банд  буд.  Вай  қайд  мекунад, ки аз куҷое ким-кадом қувваи фавқулодае  ӯро  аз  роҳ  бармегардонад. 

Ва ӯ досу ресмонро партофта, бо тамоми қувва ба сӯйи деҳа медавад. Аз оянда ҷазо додани  амакаш  низ  парвое  надошт,  ёду ҳушаш  ба  мактаб  банд  буд.  Чун  ба  деҳа мерасад,  ба  самти  хонаи  Солеҳино  роҳ пеш  мегирад.  Зуд  бо  ҳамроҳии  Солеҳ  ба мактаби нав, ба таги қалъа мераванд. Аллакай мактаб аз талаба пур шуда буд. Онҳо дар назди муаллим бо овози баланд гиряву фиғон мебардоранд, хонданро дӯст доштани худро изҳор менамоянд. Дили муаллим ба  ҳоли  онҳо  сӯхта,  ин  ду  рафиқро  ба  ду парта сенафарӣ шинонда ба мактаб қабул мекунад...

Ман ба пуррагӣ “Субҳи ҷавонии мо”-ро ёфта хондан мехостам. Ҳамон солҳо китоб пайдо кардан басо мушкил буд. Омӯзгори адабиётамон,  ки  марди  бениҳоят  бомаърифату фарҳангдӯст буд, барои хондан аз китобхонаи шахсиаш ба ман асари “Субҳи ҷавонии  мо”-и  устод  Сотим  Улуғзодаро овард. Ана аз ҳамон вақт шурӯъ карда, то инҷониб  кӯшиш  мекунам,  ки  ягон  асари устод ё тақризеро, ки доир ба эҷодиёти нависанда дар саҳифаҳои матбуот чоп шуда-анд, нахонда намонам.

Ҳоло  мехоҳам,  ки  идомаи мулоҳизаҳоямро  оид  ба  китоби  “Субҳи  ҷавонии  мо”  давом бидиҳам.  Асар,  ки  басо  шавқовар эҷод  шуда  буд,  каминаро  ба  мутолиа  кардани  давоми  қисса шавқманд  мегардонд.  Бобҳои “Деҳаи  мо”,  “Падарам”,  “Модарам”  моро  ба  зодгоҳи  нависанда, манзараҳои  зебову  нотакрори  он, хислатҳои  паҳлавононаи  падари адиб,  шеърдониву  шеърфаҳмии модари  ӯ  шинос  мекунанд. 

Дар  асар  баъзе  урфу  одатҳои хурофотпарастӣ танқид карда шудааст.  Боби  “баъсаи  талабида  гирифташуда”  ин  андешаҳои  моро собит  мекунанд.  Собир  агар  ҳини бозӣ бо ҷӯраҳояш ғолиб ояд, “ин кокулчаи сабилмондаи тори сараш”, ки  дар  мазори  Идрис-пайғамбар назр  карда  шудаасту  онҳо аз рӯи камбағалӣ имконияти  ба  он  мавзеъ рафтанро  надо-ранд,  ба  ин  монеъ  мешуданд. 

Бачаҳо  аз  ко-кулчаи  тори сараш  дошта, онро  кашида, ӯро  азоб  медоданд...“Саргузашти  Мирзодикак” боби  шавқовари китоб  буда,  ба хурдсолон  як  ҷаҳон шодиву  фараҳ  мебахшад.

Умархон  баъди  бозгашт  аз Тошканд  бо  сабаби  қаҳтсолӣ  аз нав  ба  ин  шаҳр  бо  аҳли  байташ кӯч  мебандад.  Воқеаву  ҳодисаҳои душвори  дар  маҳаллаи  Шиблии Тошканд  буду  бош  намудани онҳо,  ба  заводи  шаробпазӣ  рафта,  ба  зиндагонии  ором  шурӯъ намуданашон,  бо  русбачаҳои  дар заводбуда  дӯстӣ  пайдо  кардани  Собир,  хурсандиҳои  модараш дар  манзили  нав  дар  бобҳои  “Ба завод”,  “Дӯстони  нав”,  “Лаклак”, “Рӯшноии ҳаёти нав” тасвир ёфтаанд.  Эркагиҳои  бародараш  Азизхон,  ба  ягон  кори  хона  кумак  нарасонидани ӯ дар боби “Насиҳати падар” дарҷ гардидаанд. Аммо ин хурсандиву  хушвақтии  онҳо  дер давом накард. Модари Собир баъди  беморӣ  вафот  мекунад. 

Боби “мусибат”  аз  ин  бора  маълумот медиҳад.  Бо  ташвиқи  бародари падараш-Обидхӯҷа  пиёдаравии онҳо  то  деҳа,  чизу  чораашонро дар  ағбаи  Қурума  тороҷ  кардани босмачиҳо,  китоби  суратдори  Серёжа,  ки  ба  Собир  барои  хотира дода  буд,  аз  ҷониби  ин  ваҳшиён дарондаву титу пора шуданаш дар бобҳои  “Дар  соҳили  оҳангарон”, “Дар  ағбаи  Қурума”  ва  “Босмачиён”  инъикос  ёфтаанд.  Дар  боби “Ятимӣ”  вафоти  бародару  пада-раш бо як сӯзу гудоз ва дарду алам нишон  дода  шудаанд.  Ба  таҳсилу хондан  ҳарису  шавқманд  будани Собир  дар  бобҳои  “Мактаби  нав”, “Дар  интернет”,  “Дорулмуаллимин”  ба  қалам  омадаанд.  Адиб дар  боби  “Дорулмуаллимин”  бо устодони  сухан  Садриддин  Айнӣ ва  Абдулқосим  Лоҳутӣ  вохӯриву суҳбатҳояшонро  нишон  медиҳад. 

Инчунин  ӯ  қайд  мекунад,  ки  боре дар  вақти  машғулиятҳо  ба  синфи онҳо  профессори  рус  Андреев медарояд.  Бо  донишҷӯён  бо  забони тоҷикӣ салом гуфта, дар бо-раи  шоиру  нависандагони  тоҷик суҳбат  меорояд.  Шеърҳои  Носири Хусравро азёд хонда, толибилмонро  дар  ҳайрат  мемононад.  Собир пандҳои профессори рус, ки “халқи худро шинос”- гуфта таъкид намуда  буд,  сармашқи  кори  ҳаррӯзаи хеш  ҳисобида,  “барои  халқу  мил-лати  худро  шинохтан”  аз  мутолиа ва ҷустуҷӯ заррае ҳам канорагирӣ намекунад.

Чаро  “Субҳи  ҷавонии  мо”-и устод Сотим Улуғзода ин қадар ба дилу  дида  ва  қалбу  руҳи  хонанда қарин афтодааст?

Ба  андешаи  ин  ҷониб,  пеш  аз ҳама услуби нигорандагии эҷодкор бисёр  ҷолибу  муассир  аст.  Яъне дар  асари  устод  пургӯйӣ,  кашол додани  матлаб,  як  чизи  кӯчакро ин қадар бадвоҳима, бузург карда нишон  додан,  ташбеҳоти  мутантан,  суханбозӣ,  иғроқу  ғулув  ва ғайраҳоро  намебинем.  Устод  аз рӯи ҳикмати халқӣ “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад” ва “Сухан бисёр  дону  андаке  гӯй,  якеро  сад магӯй, садро яке гӯй” амал мекунад.  Ӯ  барҳақ,  донишманди  варзидатарини  забони  тоҷикӣ  маҳсуб меёбад. Дар интиҳо гуфтаҳои хешро  бо  овардани  мисраъҳои шоир ҳусни анҷом мебахшам:

Хуштар зӣ китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза зи ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.


Ҳотам Ҳоҷӣ,
омӯзгори  собиқадор аз ноҳияи Кӯшониён

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода