Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Китоб. Покии руҳи инсон аст


Китоб. Покии руҳи инсон аст



Китоб манбаи асилу асосии  маърифату  фазилат, ақлу  заковат  ва  устуворию покии руҳи инсон аст. Аз ин рӯ,  эҳтиром  ва  арҷ  гузоштан  ба  китоб,  авло  ва  муҳтарам донистани  мақоми  китобу  андешаи китобӣ дар зиндагии ҳамарӯза ва  пешрафти  тамаддуни  башарӣ берун  аз  ҳар  гуна  муҳобот  мебошад.  Яъне  китоб  дар  тамоми шебу  фарозҳои  зиндагии  инсон ёри  ғамхору  роҳатрасон  шинохта шудааст.  Бахусус  барои  мардуми маърифатпарвари мо китоб қадру манзалати бузург дорад.


ТОҶИКОН КИТОБХОН БУДАНД

Одати  деринаи  тоҷикон  ин  аст,  ки зери  болини  кӯдаки  гаҳвора  китоби “Қуръон”  ва  ё  Ҳофизро  мегузоштанд, то он тифли нав ба дунёомада аз баду балоҳои заминиву осмонӣ дар амон бошад.

Аз  навиштаи  таърихнигорон  маълум аст, ки роҳнамои мардуми ҳар давру замон китоб буд. Пойдории шоҳони бохирад,  амонӣ  ва  серию  пурии  мардум ба маслиҳати ашхоси соҳибкитоб, бофазлу  донишманд  вобастагӣ  дошт. 

Барои  ҳамин  ҳам  баъди  ҳар  як  ҳуҷум истилогарон  кӯҳ-кӯҳ  китобҳо  ва  гурӯҳ-гурӯҳ  одамони  бофазлро  нест  мекарданд.

Дар ҳошияи ин навиштаҳо воқеаҳои ҷанги  шаҳрвандии  дар  кишвари  мо рухдодаро  қайд  кардан  бамаврид  аст. Дар ин рӯзҳои сиёҳ душманони миллат аввал  шахсиятҳои  бафарҳанги  бузурги  тоҷикро  ба  қатл  расонданд.  Баъд марказҳои  фарҳангӣ  -  китобхонаву китобҳоро оташ заданд.

...Ман  шоҳиди  таърихи  ду  давр-Шуравӣ  ва  соҳибистиқлолӣ  ҳастам. 

Бисёр рӯйдоду навгонӣ, рушду тараққӣ ва  пешравӣ,  аз  ҷумла  китобхониро  ба якдигар қиёс мекунам.

Ҳар  миллати  мутамаддин  ба ҷамъоварии  китоб  ва  бунёди  китобхона  кӯшидаасту  мекӯшад.  Аҷдоди  маъ-рифатгарои мо низ аз қадимулайём ба созмон  додани  китобхонаю  густариши он саъй кардаанд. Дар ин маврид ёдовар шудан аз иқтомҳои неки фарзанди фарзонаи миллат, Роҳбари фарҳангию китобдӯст,  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рӯ овардан ба китобу  китобхонии  мардуми  шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонон ба маврид дар ин бахш шоистаи таҳсину ифтихор ва  дастгирӣ  буда.  Аз  ҷумла  гузаронидани  озмуни  “Аниси  кунҷи  танҳоӣ  ки-тоб аст”, бунёди китобхонаҳо, таъмиру азнавсозии  китобхонаҳои  куҳна  пиру ҷавонро  ба  ин  марказҳо  овардааст. Дар ин раванд бо пешниҳоди раиси вилояти  Хатлон  Давлаталӣ  Саид  эълон шудани  Соли  2025  “Соли  маърифати китобхонӣ” низ ба ин бахш такони тоза бахшид.

Барои  тақвияти  гуфтаҳои  боло, саҳифаҳои  таърихи  даврони  Шуравиро  варақгардон  мекунем.  Дар  он солҳо  барои  маърифатнокии  мардум, рушди  китобхонаҳо  ва  китобхонӣ  аз ҳама  усулу  шароит  истифода  карда мешуд.  Китобхона  дар  маркази  шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳотию шаҳракҳо мавҷуд  буд.  Толорҳои  китобхонӣ  пайваста  пур  аз  хонанда  буд.  Махсусан дари китобхонаҳои марказӣ аз субҳ то як  вақти  шаб  ба  рӯи  мухлисони  китоб кушодаю ба мардум хизмат мерасониданд.  Ҳатто  дар  ин  ҷойҳои  фарҳангӣ пиру  ҷавон  дар  навбати  китобгирӣ меистоданд.  Аниқтараш,  агар  китоби дӯстдоштаи онҳо дар дасти нафаре бошад,  баъди  ба  китобхона  баргардони-дани он дар рӯйхати алоҳида номнавис шуда, китобро дастрас менамуданд.

Дар  он  солҳо  боз  як  анъанаи  хуб ҷорӣ  буд.  Аз  ҷониби  ҷамъияти  “Дониш”  (ҳамин  гуна  идораи  тағиботӣ вуҷуд дошт) “Агитбригада”-ҳо (гурӯҳҳои таблиғотӣ)  дар  ҳайати  санъаткорони  шуъбаи фарҳанг, китобхонаҳо, идораи иттифоқи матбуот (РайПО), назди чӯпонҳо ва пахтакорон  мерафтанд.  Бисёрҳо  мушоҳида  кардаам, ки даҳмардаю деҳқонон бештар ба китоб таваҷҷуҳ  доштанд.  Ҳатто  дар  (шипангҳо)-и айвони саҳроӣ “Гӯшаҳои сурх” ташкил карда, дар онҳо китобу рӯзномаҳо мегузоштанд ва  китобхонаҳо  хонандагони  доимии  худро дошта,  онҳоро  бо  китоб  таъмин  менамуданд.

Ҳамзамон,  боз  нафароне  низ  буданд, ки  китобхонаҳои  шахсии  худро  доштанд, ҳамдеҳагон  аз  он  васеъ  истифода  мекарданд.  Барои  мисол  далелеро  ба  қалам медиҳам.  Ҳамхизматам  Ҷонибек  Қуқаниев, сокини  шуъбаи  сеюми  хоҷагии  ба  номи Файзалӣ Саидов, чунин иқдомро роҳандозӣ карда  буд.  Китобхонааш  китобҳои  зиёди бадеиву  соҳавӣ  ва  таърихӣ  дошт.  Ба  ҳар як  китоб  муҳри  шахсии  китобхона  гузошта шуда. Ҷонибек худ бисёр китоб мутолиа мекард,  фикри  тозаю  қавӣ,  лаҳну  бурою ширин дорад. Ҳар як баҳсу муноқишаро зуд ҳал  менамуд,  худро  аз  чунин  баҳсҳо  ҳифз карда метавонист. Ҳамин аст, ки дар байни ҳамдеҳагон эҳтиром дорад, гули сари сабади тӯй ва маъракаҳо буда, маслиҳатчии хуб аст. Ҳамдеҳагон ва омӯзгорону толибилмони мактабҳои ин мавзеъ аз китобхонаи шахсии ӯ баҳра мебаранд.

...Ҷанги  шаҳрвандӣ  манзилҳоро  вайрону  мардумро  парешон  кард.  Махсусан  ин хоҷагӣ ба яке аз марказҳои даргириҳо табдил  ёфт.  Мардуми  таҳҷоии  осудаҳол  зери таҳдидҳо  монд.  Хурду  бузург  фирор  карданд.  Оилаи  Ҷонибек  низ  дар  қатори  онҳо ба самти номаълум рафт.

...Баъди  ба  эътидол  омадани  вазъ  сокинон  боз  ба  макони  хеш  баргаштанд. 

Хонаҳои худро сӯхта валангор ёфта, ашёҳои рӯзгорашон  ба  яғмо  рафта  буд.  Ҷонибек вақте, ки вориди ҳавлии худ шуд, рӯйӣ ҳавлӣ тӯдаи  хокистаро  дид.  Дар  назди  тӯда  чанд китоби  нимсӯхта  ва  варақҳои  парешонро дарёфт. Ин хокистари китобҳои сӯхташуда буд.  Дилаш  гум  зад.  Зуд  ба  дохили  китобхона  шуд.  Дар  он  ҷо  танҳо  ду-се  қабза варақҳои даридаи аз китобҳо боқимондаро дида,  оҳи  сарде  кашид,  аз  дидагонаш донаҳои ашк мисли борони баҳорӣ ҷорӣ шуданд. Он варақҳоро бо эҳтиёт аз замин бар-дошта, ба ҷайбаш гузошт ва боз рӯи ҳавлӣ баромад. Завҷаи меҳрубонаш низ баробари ӯ ашк мерехт. “Фарзандонамро (китобҳо дар назар аст) сӯзондаю қисми дигарро ба яғмо бурдаанд.

Ҳамдеҳааш М., ки дар он ҷо ҳузур дошт, ин ҳолатро дида, якбора мисли ҳезуми хушк даргирифт:  “Мардум  бехонаю  дар  мондаанд,  ин  барои  коғаз  (китобҳояш)  месӯзад. 

Ӯ аз ақл бегона шудааст!?”. Китобдор ҳатто ҷониби овоз назар накард. Медонист, ки ӯ бефарҳангу аз китобу китобхонӣ дур аст. Ба касе эътибор надода, барои таскини дил ба кӯча  баромад.  Назди  истгоҳи  нақлиёти  мусофирбар  омад.  Дар  он  ҷо  зане  нишаста офтобпараст  (семичка)  мефурӯхт.  Барои вақтро  кӯтоҳ  намудан  як  истакон  семичка гирифт. Он дар як саҳифаи китобе печонида шуда. Чашми ӯ ба тӯдаи китобҳои дар паҳлуи фурӯшанда  парешону  варақканда  афтод. Онҳоро  аз  замин  бардошта,  китобҳояшро шинохт. Оҳи бадарде аз қалб баровард. Аз зани  офтобпарастфурӯш  китобҳояшро  харида гирифт...

Ҳоло  Ҷонибек  китобхонаи  шахсиашро барқарор карда, ҳамдеҳагонро ба китобхонӣ ҷалб  менамояд.  Шукронаи  сулҳу  ваҳдат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мекунад, ки ба китобу китобхонаҳо умри дубора бахшида,  мардумро  ба  китобхонӣ  ҳидоят менамоянд. Дар он давра боз анъанаи дигар байни ҷавонон ҷорӣ буд. Онҳо дар рӯзи таваллуд  ба  якдигар  китоб  туҳфа  мекарданд.  Дилдодаҳо  низ  нишонаи  ишқи  поки худ китобҳои назмӣ ҳадя карда ва ё аз онҳо шеъру таронаҳои ошиқӣ қироат мекарданд. 

Маҳз бо ин амал якдигарро хуб омӯхта, унс мегирифтанд,  оилаи  мустаҳкам  барпо  менамуданд. Ин гуна ҷуфтҳо дар зиндагӣ хушбахт  буданду  фарзандони  солим  ба  дунё меоварданд.

ОДАМОН БАЙНИ ХУД БА АШХОСИ БОФАРҲАНГУ КИТОБХОН АҲДИ ОШНОӢ  МЕБАСТАНД. ЗЕРО СУҲБАТИ ШИРИНУ ХУШГУФТОРИЮ  ХУШРАФТОРИИ ИН НАФАРОН БА КАС РОҲАТУ ОСОИШ ВА НЕРУ МЕБАХШИД.

Мабодо шахси хушодоб ба нафари бадсухану бероҳагард, ки бо насиҳати дигарон ислоҳ шудан намехоҳад, ҳамроҳӣ менамуд, дар назди дигарон зуд эҳтиромашро аз даст медод.  Одамони  нек  аз  ӯ  дурӣ  меҷустанд, дар  маҳфилу  чорабиниҳои  худ  даъваташ намекарданд. Чун зоғи ало дар канор мондан ҷазои сахте буд барои онҳо.

Аз китоб дур шудаем

Тавре  ки  дар  боло  ишора  рафт,  гузаш-тагони мо китобро муқаддас ва азиз медонистанд.  Ҳатто  ҳар  саҳифаи  онро  мисли нонреза эҳтиёт мекарданд, ба чашм мемолиданд,  китобро  зери  болин  мениҳоданд, намегузоштанд,  ки  хор  шавад.  Вале  имрӯз бар асари омилҳои гуногун дар рӯзгори мо тащаввулоте  ворид  гардида,  китоб  барои иддае  аз  ашхоси  бефарҳанг  эътибори  худро  аз  даст  додааст.  Таассуфовар  аст,  ки ҳатто бархе аз ҷавонон, ҳатто донишҷӯёни мактабҳои  олӣ  кам  китоб  мехонанд.  Ҳама ба тамаддуни гузаштаи хеш меболему ифтихор  дорем.  Вале  рафторамон  ҷоҳилона буда, иснод ба руҳи неки пешиниён аст. Аз китоб, ки дур шудаем, одати суннати миллӣ ҳам коҳиш ёфт. Имрӯз байни мо одобу муоширати анъанавӣ риоя намешавад. 

Чӣ  бояд  кард,  то  ин  ҳама  дарди  ҷомеа давое ёбад? Ба ин пурсишҳо посух гуфтан ва ин муамморо ҳал кардан кори саҳл нест. 

Аммо бояд коре кунем, ки мардум, бахусус ҷавонон аз беҳудагардию дуруштмуомилагӣ баргашта,  мутолиа  ва  омӯзишро  пеша  кунанд. Камолу шарафи одамӣ дар ҷустуҷӯву омӯхтан аст. Агар хоҳем, ки зиндагии зебову чеҳраи нуронӣ дошта бошем, пурдону хушгуфтор шавем, бояд рӯ ба китоб оварем.

Биёед, китобхон шавем!

С. АТТОР, «Хатлон»

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода