Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷику форс ҳеҷ анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои зебоипарасстӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Оину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз зиёданд, ки аксари онҳо то ба имрӯз роиҷанд ва яке аз онҳо суманак мебошад.
Суманак навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Вақте Наврӯз фаро мерасад, пеш аз ҳама, суманак пеши рӯйи ҳар инсон меояд, зеро Наврӯз бе суманак маънои худро гум мекунад.
Солҳост, ки бо амри тақдир аз деҳа дур ҳастам ва модарам низ дар қайди ҳаёт нест. Солҳост, ки бо тақозои касб бо даҳҳо зани суманакпаз ҳамсуҳбат мешавам, ҳар оғози ҷашни Наврӯз суманак мепазаму аз дастпухти дигарон низ мечашам. Аммо маззаи суманаки пухтаи модарам то ҳол дар хотирам боқист. Албатта, ҳар хӯроке, ки модарон мепазанд, барои фарзандон хуштамъ менамояд.
Дар деҳаи мо, ки кӯҳсор аст, фасли баҳор дар моҳҳои апрелу май қадам мегузорад. Моҳи март, ҳангоми ҷашни Наврӯз, барф баланду ҳаво хеле сард аст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки суманакро мисли дигар минтақаҳо дар дег ва бо шабзиндадорӣ намепазанд. Тарзи омода кардани суманак ба ҳамон суманаки дегӣ монанд аст, танҳо хами-рашро каме сахттар мегиранд.
Дар деҳаи мо - Зидеҳи ноҳияи Варзоб танӯрҳо хеле калон, аз сангу хок ва дар охир бо семент сохта мешуданд. Шояд сабаби бузург сохтани танӯрҳо низ ҳамон ҳавои сард бошад, ки бо як оташ зиёда аз бист нон мепазанд. Ҳангоми омода кардани хамираи суманак, модарам ва дигар занҳои ҳамсоя дар танӯр аввал нон мепухтанд, то ки танӯр хуб тафсон шавад. Сипас, хокистари танӯрро пок намуда, дар таги он каме орд мепошиданд ва суманакҳоро мисли нони хурд дар замини танӯр мегузоштанд. Танӯрро ду-се соат бо ҷомаҳои ғафсу пахтагин маҳкам мекарданд.
Вақте танӯрро мекушоданд, аз даруни он як бӯйи хоси фораме ба машом мерасид, ки то ҳол дар ҳеҷ ҷо эҳсос накардаам. Занҳои ҳамсоя он замон ба ҳамдигар мисли апаву хоҳар буданд. Бо маслиҳати ҳамдигар суманакҳои як нафарро барои тақсим ба хонаи хешу табор, дигариро барои ҳаққу ҳамсояҳо ва сеюмиро барои тантанаи наврӯзӣ нигоҳ медоштанд.
Наврӯз дар зодгоҳи ман, ки хонаҳои бомӣ зиёд буданд, рӯйи ҳамон бомҳо, ки майдончаҳоро мемонд, таҷлил мешуд.
Бомҳои ҳамсояҳо ба ҳам часпида буданд, аз ин рӯ, дар як қисмате барои мардон, дар гӯшае барои кӯдакон ва дар гӯшаи дигар барои занҳо дастархон ороста мешуд. Оши туппаю буридаро дар деҳаи мо “ҳадир” меноманд, ки дар тамоми тӯю маъракаҳо хӯроки аввалин ва дӯстдоштаи мардум буд. Баъдан, дигар таомҳо ва ҳамон суманаки танӯрӣ низ рӯйи дастархон гузошта мешуд.
Ҳар бор хумории модару суманакаш мешавам, мехоҳам дастпухти модарамро дубора зинда гардонам, шояд дар шаҳр он гуна танӯр созаму барои фарзандону аҳли оила суманак пазам.
Ҳ. ИСМАТ,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.