Наврӯзи Балҷувон: аз бозиҳои кӯдакона то оташи покӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 228
![]()
Дар деҳаи Солмолидашти ноҳияи Балҷувон, ки дар домани кӯҳҳои баланд ва табиати зебо ҷойгир аст, омодагӣ ба Наврӯз аз даҳаи охири моҳи феврал оғоз меёбад. Мардум хонаҳои худро покиза карда, кӯчаҳо ва гирду атрофро тоза мекунанд. Ин амал «поккории наврӯзӣ» ном дошта, рамзи тоза шудани ҷони инсон ва муҳити зист ба шумор меравад.
Яке аз анъанаҳои аслии Наврӯз дар ин деҳа оростани дастархони идона дар арафаи ҷашни Наврӯз мебошад. Чуноне ки бобои Хуҷа қисса мекунад, “аслан дар ин деҳа занҳо ба омода кардани хӯрокҳои наврӯзӣ аз қабили оши палав, умоч, оши бурида, далда машғул мешаванд. Аз маъруфтарин таомҳои наврӯзии ин деҳа суманак мебошад, ки онро бо орди гандум ва сабза омода мекунанд. Занони деҳа бо ҳам якҷо ҷамъ шуда, то саҳар дар деги калон сурудхонон ва рақсу дуогӯён суманак омода мекунанд. Инчунин, занони ин деҳа ба пухтани ҳалвои сафед (ҳалвои панирӣ), ки аз шири гову орд, бо шакар ё асал омода мешавад, машғул мешаванд. Ин таомро бештар ба меҳмонҳои арҷманд пешниҳод мекунанд.
Ҳамзамон, чун анъана, ба рӯи хон ҳафт номгӯи хӯрокҳои бо ҳарфи «ш» оғоз ёфтаро мегузоранд. Дар баробари ин, ҳафт навъи меваи хушкро низ омода намуда, шаби Наврӯз дар об тар мекунанд ва бо аҳли оила истеъмол менамоянд.
Ҷолибтарин расму русуми Наврӯз дар деҳаи Солмолидашт паридан аз болои оташ аст. Сокинон шомгоҳон гулхани бузург меафрӯзанд ва аз болояш мепаранд, ки ба ақидаи мар-дум, ин амал бадбахтиро месӯзонад ва солро босафо оғоз мекунад. Бачаҳо дар гирди оташ рақсу суруд мехонанд ва калонсолон дуо мекунанд.
Дар рӯзи Наврӯз бозӣ ва мусобиқаҳои анъанавӣ: бандкашӣ, гӯштин, аспдавонӣ ва сангбардорӣ баргузор мешаванд. Ҷавонони ин деҳа дар майдони наврӯзгоҳ ҷамъ омада, қувваозмоӣ мекунанд.
Як ҳафта пеш аз оғози наврӯзӣ занони деҳа либосҳои миллии рангоранг мепӯшанд ва сурудҳои мардумиро мехонанд. Яке аз сурудҳои маъруфи ин деҳа «Наврӯз омадаст» мебошад, ки бо лаҳни зебои кӯҳистонӣ замзама мешавад ва дар он табиат, умед ба зиндагии нав ва баракат ситоиш мешавад.
Наврӯз дар деҳаи Солмолидашт танҳо як ҷашни одӣ нест, балки ифодакунандаи робитаи инсон бо таби-ат, эҳтиром ба суннатҳои аҷдодӣ ва рамзи ҳамбастагии ҷомеа аст. Дар ин ҷо анъанаҳои қадимии наврӯзӣ то ҳол бо шукӯҳу эҳтиром нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳанӯз ҳам дар қалби мардум зиндаанд ва барои наслҳои оянда низ омӯзанда мебошанд.
Анъанаи дигаре, ки дар ин деҳа то ба ҳол нигоҳ дошта шудааст, ин бозиҳои бачагона дар арафаи ҷашни Наврӯз мебошад. Дар ин рӯз кӯдакон либосҳои нав мепӯшанд ва бозиҳои қадимии халқиро ба роҳ мемонанд. Бобои Амирулло яке аз солмандтарин сокини ин деҳа дар бо-раи бозиҳои бачагонаи деҳа ба мо чунин қисса намуд: “Баробари оғози фасли баҳор бачаҳои деҳаи мо ба бозиҳои қадимае, ки садсолаҳо дар ин деҳа роиҷ аст, машғул мешаванд.
"Қапкандбозӣ" (баҷошавонак) – як навъи пинҳонбозӣ аст, ки бачаҳои ин деҳа дар кӯҳҳо ва байни сангҳо пинҳон мешаванд. Яке аз кӯдакон "қапканд" мешавад ва дигаронро меҷӯяд. Бозии дигар ин "Ашакпой" (ё "лаққобозӣ") мебошад. Ин бозӣ асосан барои кӯдакони хурдсол аст, ки бо лаққо (сангчаҳои кӯчак) бозӣ мекунанд. Инчунин бачаҳо ба бозии чиликдангал, ки аз чӯб омода мешавад, машғул мешаванд. Кӯдакон, ин-чунин сурудҳои наврӯзиро якҷо ме-сароянд ва ҳалқа шуда мерақсанд.
Ин сурудҳо аксаран ба табиат, омадани баҳор ва баракат бахшида шудаанд”.
Гӯштингирӣ дар деҳаи Солмолидашт бо тартиби махсус доир мешавад. Варзишгарон аз тамоми деҳоти гирду атроф ба ин ҷо меоянд. Дар саҳни васеи деҳа, болои алафи сабз риштае кашида мешавад ва ду паҳлавон дар дохили он рӯ ба рӯ мешаванд. Пеш аз оғози гӯштин пирони деҳа дуо медиҳанд ва мегӯянд, ки бо ростиву мардонагӣ ба майдон бароянд.
Бузкашӣ низ аз суннатҳои наврӯзии ин деҳа мебошад. Бачаҳо як ҳафта пеш аз оғози Наврӯз ба омода намудани майдони доманфарохи дар канори деҳа машғул мешаванд. Ин бозӣ на танҳо қуввасанҷӣ ва маҳорат, балки рамзи ҳамфикриву ҳамкории мардони деҳа низ мебошад. Гоҳе бузкашон аз деҳаҳои ҳамсоя даъват карда мешаванд ва миёни деҳаҳо мусобиқаи дӯстона сурат мегиранд.
Анъанаи дигари ҷолиби диққати деҳаи Солмолидашт “гулрезон” мебошад. Дар рӯзи Наврӯз ҷавонон субҳи барвақт ба кӯҳ мераванд, гулҳои саҳроӣ чида, ба хонаҳо меоранд. Ин гулҳоро дар рӯйи дастархон мегузоранд, дар даромадгоҳи хона барои баракат меовезанд. Духтарон бошанд, ба мӯйи ҳамдигар мебанданд. Он рамзи зиндашавии табиат ва покии ботини инсон мебошад, - мегӯяд раиси деҳаи Солмоли-дашт Муҳибулло Рамазонов.
Момаи Латифамо мегӯяд, ки «Садақаи Наврӯз»- ёрирасонӣ ва тақсими хӯрок дар деҳаи мо яке аз анъанаҳои қадима мебошад. Занон таомҳои наврӯзӣ, махсусан суманак, оши бурида ва нони тафдониро ба ҳамсояҳо ва хонаводаҳои камбизоат мебаранд. Ин амалро “Садақаи Наврӯз” меноманд. Яъне мақсад дигаронро шод гардон, то Худо туро шод гардонад, мебошад.
Алишери Абдулмаҷид,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...