Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тараннуми Наврӯз дар осори шоирони Хатлонзамин


Тараннуми Наврӯз дар осори шоирони Хатлонзамин




Мавзуи  Наврӯзи  оламафрӯз  дар эҷодиёти шоирони тоҷик мавқеи хосса дорад. Аҳли адаб ин ҷашни бостониро ҳамчун  рамзи  эҳёи  табиат,  ваҳдату ҳамбастагии  миллӣ  ва  сулҳу  дӯстӣ васф  намудаанд.  Адибони  маъруф,  аз ҷумла  Ҳақназар  Ғоиб,  Муҳаммад  Ғоиб, Озар  Салим,  Сафар  Амирхон  ва  дигарон бо шеъри пурмазмуни худ Наврӯзро ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ ва  мояи  ифтихори  миллати  тоҷик  ба тасвир кашидаанд. Осори онҳо на танҳо зебоии  табиатро  ситоиш  мекунад, балки ба арзишҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ ва сулҳпарварӣ таъкид менамояд.

Дар  шеъри  “Наврӯзи  ҷаҳонӣ”  Шоири  халқии Тоҷикистон  Ҳақназар  Ғоиб  дар  баробари  васфи шукӯҳу  зебоии  Наврӯз,  инчунин  ба  аҳамияти  дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва суботу оромӣ дар миёни мардумон таъкид менамояд. Аз ибтидо, шоир бо вожаи “Наврӯз муборак!” ба ҳама мардуми ҳамдил дуои нек мекунад. Ин ибора рамзи ягонагии инсонҳо ва ҳамраъйии онҳо дар  зери  парчами  сулҳу  дӯстист.  Такрори  ифодаи “Наврӯзи ҷаҳонӣ" ва “Наврӯзи амонӣ” таъкид бар он аст, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки як па-дидаи умумибашарист, ки сулҳ ва оромиро дар ҷаҳон тарғиб мекунад.

Шоир ба гули ишқ ва асали муҳаббат ишора ме-кунад:

Рӯед чу гул дар дили ҳам бо ғазали ишқ,
Оғӯш кушоед ба ҳам бо бағали ишқ.

Ин тасвирҳо ба эҳсосоти поки инсонӣ ва самимият миёни мардумон таъкид мекунанд. Наврӯз дар ин ҷо василае барои тақвияти муҳаббат ва ҳамраъйӣ мебошад. Шоир мегӯяд:

Тоҷикӣ азон дод чу Наврӯз зи лабҳо,
Бояд зи раҳи меҳр шиносем насабҳо.

Ин  байт  нишон медиҳад,  ки  Наврӯз ҳамчун  ҷузъи фарҳанги  миллии тоҷикон дар ташаккули  ҳувияти  миллии мо  нақши  калидӣ дорад.  Шоир  мардумро  даъват  ме-кунад,  ки  тавас-сути  меҳрубонӣ ва  сулҳ  анъанаҳои аҷдодиро  эҳё  ва  ҳифз намоянд.  Хулоса,  дар шеъри “Наврӯзи ҷаҳонӣ”-и Ҳақназар  Ғоиб  Наврӯз рамзи  ваҳдат,  муҳаббат  ва пешрафти  маънавии  ҷомеа муаррифӣ мегардад.

Наврӯз  ҷашни  зебо  ва  пурарзиши  ниёгони  тоҷикон  аст,  ки таърихи дерина ва фарҳанги ғанӣ до-рад.  Дар  осори  Муҳаммад   Ғоиб,    Шоири  халқии  Тоҷикистон,  низ  Наврӯз  ҳамчун рамзи бедории табиат, иттиҳоду ҳамдилӣ ва шукуфоии инсон тасвир ёфтааст. Шеъри “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” як шоҳкори ҳақиқӣ буда, бо забони равон ва  мазмуни  баланд  муҳаббат  ва  ифтихори  шоирро нисбат ба Ватани маҳбуб – Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз ифода мекунад.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Дар ҳар байти шеър шоир Наврӯзро ҳамчун сар-чашмаи шодию нишот ва оғози ҳаёти нав ба тасвир мекашад.  Наврӯз  бо  омадани  баҳор  ва  шукуфтани гулҳо ҳамоҳанг аст. Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки як фалсафаи зиндагист, ки бо худ умед, меҳру муҳаббат ва сулҳу оромиро меорад.

Шоир  бо  муҳаббат  ва  фахр  таъкид  мекунад,  ки “Тоҷикистон  ватани  Наврӯз  аст”.  Ин  мисраъ  нишон медиҳад,  ки  маҳз  мардуми  тоҷик  аз  қадимтарин давраҳо  то  ба  имрӯз  бо  анъана  ва  суннатҳои Наврӯз зиндагӣ карда, онро ҳамчун рамзи ваҳдат ва ҳамбастагӣ нигоҳ доштаанд.

Шеъри  Муҳаммад  Ғоиб  на  танҳо  васфи  Наврӯз, балки  васфи  Ватан,  муҳаббат  ба  табиати  зебои Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба фарҳанги аҷдодӣ мебошад. Ин асар моро ба қадр кардани анъанаҳои миллӣ ва ифтихор аз Ватан ҳидоят мекунад.

Шоири  халқии  Тоҷикистон  Озар  Салим  низ  дар васфи Наврӯз, ки яке аз суннатҳои бостонии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои форсизабон аст, шеъри зебое гуфтааст:

Наврӯз бувад ойинаи фарри каёнӣ, 
Вораставу озод зи ҳар кеш, ки донӣ.
Наврӯз аз он кард шабу рӯз баробар,
К-аз адл бувад дар ҳама офоқ амонӣ.

Таҳлили мундариҷа ва паёми аслии шеъри Озар Салим  нишон  медиҳад,  ки  шоир  бо  сабки  баланди бадеӣ  ва  андешаи  фалсафӣ  ба  арзишҳои  инсонии Наврӯз арҷгузорӣ мекунад. Дар мисраи аввали шеър Озар Наврӯзро ҳамчун “ойинаи фарри каёнӣ” таъриф мекунад, ки ба решаҳои таърихӣ ва фарҳангии он дар замони  қадим  ва  иртиботаш  бо  подшоҳони  одил  ва фархундаи ориёӣ ишора дорад. Ин таъриф ба бузургии фарҳангӣ ва маънавии Наврӯз таъкид мекунад, ки он аз ҳар гуна таассуб ва маҳдудияти мазҳабӣ озод аст.

Дар байти дувум шоир ба баробарии шабу рӯз, ки хоси оғози баҳор аст, ишора намуда, онро рамзи адолат ва сулҳу оромӣ медонад. Ин ишора ба фалсафаи табиӣ ва иҷтимоии Наврӯз мебошад, ки ба баробарии инсонҳо ва тавозуни табиат таъкид мекунад.

Наврӯз, ту эй фалсафаи нав шудани даҳр,
Наврӯз, ту эй ҷашни ҷавониюҷаҳонӣ,
Бо он ки яке кеш туро хешнадонист,
Хеши ҳамагонӣ, киписанди ҳамагонӣ.

Шоир  Наврӯзро ҳамчун  “фалсафаи нав  шудани  даҳр” таъриф мекунад, ки ба  эҳёи  табиат,  тозагии руҳ ва эҳсоси навсозии  руҳиву ахлоқӣ  ишора мекунад.  Ин  ҷо Наврӯз  на  танҳо  як ҷашни  суннатӣ,  балки  як раванд  ва  ҳикмати  амиқи зиндагӣ  муаррифӣ  мешавад.

Дар  байти  охир  шоир таъкид мекунад, ки бо вуҷуди он  ки  баъзе  мазҳабҳо  ва фарҳангҳо  Наврӯзро  қабул  накарданд, он ба як ҷашни умумиинсонӣ ва мақбули ҳамагон табдил ёфтааст. Ин паёми инсондӯстӣ  ва  ваҳдат  аст,  ки  Наврӯзро  ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллатҳо ва фарҳангҳо муаррифӣ мекунад.

Озар Салим дар ин шеър бо забони шоирона ва фалсафӣ  Наврӯзро  ҳамчун  ҷашни  адолат,  тозагӣ, навсозӣ ва ваҳдати инсоният тавсиф мекунад. Шеър на  танҳо  ба  таърихи  Наврӯз,  балки  ба  арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии он таъкид намуда, онро ҳамчун рамзи ҷаҳонӣ ва умумиинсонӣ ба намоиш мегузорад.

Шеърҳои шоир Саидҷаъфар Баёзӣ, ки ба Наврӯз бахшида шудаанд, бо забони шевои тоҷикӣ навишта шуда,  ҳусну  ҷалоли  ин  ҷашни  бостониро  ба  таври зинда ва рангоранг тасвир мекунанд.

Наврӯзи куҳан тозаҷавон омадааст,
Бар мулки азизи бехазон омадааст...
Бикшода бағал ба халқ Наврӯзи Аҷам,
Бо шоли ҳариру парниён омадааст.

Шоир  ба  таърихи  қадимаи  Наврӯз  ишора  мекунад, ки садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо умр дорад, аммо ҳамасола бо фарорасии баҳор ба таври ҷавон ва тоза эҳё мегардад. Ин таъбири шоирона равобити амиқи Наврӯзро бо табиат ва фалсафаи навшавии доимӣ нишон медиҳад. Ҳамзамон, шоир бо ис-тифода  аз  ибораи  “мулки  азиз”  ишқ  ва  арҷгузории худро ба ватани маҳбуб, сарзамини ободу пурбор ва ҳамчунин  ба  фарҳанги  пойдори  тоҷикон  дорад,  ки Наврӯзро  ҳамчун  ҷузъи  ҷудонашавандаи  фарҳанги худ ҳифз намудаанд, ифода мекунад. Ҳамин тавр, шеъри  Саидҷаъфар  Баёзӣ  эҳсоси  муҳаббат  ба  табиат,  фарҳанг  ва  мардумро  ба  таври  амиқ  ифода 
менамояд.

Шеъри  “Муждаи  ид”-и  шоири  хушном  Сафар Амирхон  табиати  зиндашавандаро  бисёр  зебо  тас-вир мекунад ва шодию сурури мардумро ба муноси-бати фарорасии ин ҷашни бостонӣ баён менамояд.

Бод аз кӯчаи мо қаҳ-қаҳа бар лаб бигузашт, 
Шохаҳо аз нафаси атри сабо болиданд, 
Муғчаҳо хандиданд, 
Ҳамчу арғушти чаканпӯши саропо гули ноз 
Навдаҳо рақсиданд.
Мурғфарёди саҳаргоҳ ба дил нарм нишаст, 
Аз сари навдаи хамхӯрдаи бед, 
Сияҳу сурху сафед, 
Мурғакон пар зада аз шоха фуруд омадаанд, 
Балки бо шуълаи хуршеди саҳар,

Пайи табрику дуруд омадаанд.

Мерасонанд ба бонги саҳарӣ муждаи ид: Боз як фасли гулафшону дилафрӯз расид, Фасли Наврӯз расид.

Бод  ҳамчун  рамзи  эҳё  ва  тозагии  баҳор  тасвир шудааст,  ки  бо  қаҳ-қаҳа  (ханда)  аз  кӯчаҳо  мегузарад. Ин тасвир на танҳо ҳаракати бод, балки эҳсоси хушҳолии мардумро низ инъикос мекунад.

Шоир  эҳёи  табиатро  нишон  медиҳад,  ҳамаи унсурҳои табиат бо шодӣ ва ҷаззобият бедор мешаванд, ки ин рамзи тозашавӣ ва оғози зиндагии нав аст.  Мурғон  ҳамчун  хабаррасон  ва  муждадиҳандаи Наврӯз тасвир шудаанд, ки бо шуълаи хуршед пайи табрики мардум омадаанд. Ин рамзи сулҳ, оромӣ ва дӯстӣ аст.

Шеъри Сафар Амирхон тараннуми зиндагии нав, тозагӣ ва умеди инсон ба фардои нек аст.

Шеъри  Сафармуҳаммад  Аҳмад  “Эй  ғунчаи  интизор, бархез!” бо забони шево ва тасвирҳои зебои шоирона, ҷашни Наврӯзро тараннум мекунад. Шоир бо истифода аз табиат ва мавҷудоти зинда, ба мисли ғунча, сабза, гул ва обшор, эҳёи табиат ва омад-омади фасли баҳорро ба тасвир мекашад. Бо нидои “бархез!”, ӯ тамоми мавҷудоти табиатро ба бедорӣ, шукуфтан ва зиндагии нав даъват мекунад. Ин даъват рамзи эҳёи руҳии инсон ва дурӣ аз ғамҳо мебошад.

Дунё ҳама рангу бӯй гардид, 
В-ин хок фариштахӯй гардид...
Мардум ҳама интизори Наврӯз, 
Дилҳо ҳама беқарори Наврӯз.

Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва шодии мардум тасвир ёфта, мардумро ба дӯстӣ ва ҳамбастагӣ даъват мекунад. Шеъри Сафармуҳаммад Аҳмад бо шевоӣ ва равонии худ на танҳо зебоии баҳорро васф мекунад, балки ҳикмат ва маънавияти амиқи ҷашни Наврӯзро таҷассум менамояд.

Шоирони  муосири  тоҷик  бо  эҳсоси  баланди ватандорӣ  ва  муҳаббат  ба  табиат  ва  фарҳанги миллӣ, зебоии баҳор, ҳамраъйии мардум ва умеди тоза ба зиндагиро дар асарҳои худ таҷассум намудаанд. Аз тасвири муғчаҳои хандон ва нағмаи мурғони саҳарӣ то ҳикмати фалсафии Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстӣ, адибони маъруф – аз Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб то Сафар Амирхон ва Озар Салим – ин ҷашни ниёгонро бо ҳунари баланди бадеӣ васф кардаанд. Осори онҳо на танҳо эҳсоси шодмонӣ ва зебоии  табиатро  инъикос  мекунад,  балки  пайванди  ногусастании  Наврӯзро  бо  арзишҳои  миллӣ  ва умумиинсонӣ нишон медиҳад.

Ҳангомаи ИСМАТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода