Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Наврӯз - муаррифгари расму оини мардумӣ


Наврӯз - муаррифгари расму оини мардумӣ




Аз азал Наврӯз дар ҳаёти мардуми форс нақши бориз дошта, ба урфу одати мо таъсиргузор будааст. Оре, ин расму оини ниёгони мо имрӯз идомаи зебо дорад. Як анъанаи ҷолиб дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи миллӣ бо ҳафтшин (шакар, шарбат, шароб, ширинӣ, шир, шона, шамъ ва ҳафтсин (сирко, сабза, самак, самбӯса,  суманак,   санҷид,   сипанд)   оростани  хони наврӯзӣ аст.

Бо  омад-омади  Наврӯзи  хуҷастапай   замин  пироҳани  сабз ба бар мекунад, гулҳои наврӯзӣ мешукуфад, табиат аз нав зинда гашта, ҳамагон дар васфи Наврӯз шеърхонӣ мекунанд.

Наврӯз  яке  аз  нахустин  ва бузургтарин  ҷашнҳои  фарҳангии ҷаҳонист, ки дар ташаккул, рушд, тавсеа ва густариши иду ойинҳои минбаъдаи  ақвоми  мухталифи башарӣ  саҳми  арзанда  гузоштааст.  Ҳанӯз  аз  бомдоди  зиндагӣ мардуми  тоҷику  форс  ба  ин натиҷа расида буданд, ки бидуни меҳр варзидан ба инсоният, донишу фарҳанги густурда ва бо чаш-ми  ақлу  мантиқ  ба  зиндагӣ  нига-ристан  аслан  умр  ба  сар  бурдан бефоида  аст  ва  ин  натиҷагирии воқеӣ боиси пайдо шудани олами андеша,  ойинҳо  ва  ҷашну  маросими рангини миллӣ гардид.

Дар   қатори   оинҳои   куҳани аҷдодӣ, ки танҳо ба як қавму миллат  ва  мардуму  халқият  маҳдуд нашуда, ба тамоми насли башар мутааллиқ  аст,  Наврӯз  қарор  дорад. Далели он, ки Наврӯз ба тамоми башарият иртибот дорад, ин аст, ки дар адён ва фарҳанги башарӣ  бо  тобишҳои  гуногуну мухталиф, дар қолабҳои динӣ, этникӣ,  мазҳабӣ  ва  миллию нажодӣ  таҷаллӣ   кардааст.   Ин нуктаро  фарҳангшиносону   мардумшиносони  шаҳири   ватаниву хориҷӣ собит кардаанд.

Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Ин ҷашни бузург ба шаро-фати   озодиву  соҳибистиқлолии ватани  азизамон  на  танҳо  ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо саъю кӯшиш ва тадбирҳои хирадмандонаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон   ҷашни  байналмилалӣ 
эълон шуд. 
Ҳикмати   волотарини   ҷашни Наврӯз   ин   аст,   ки   он   айёме таҷлил мегардад, ки шабу рӯз баробар ва пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, гармӣ ба сармо оғоз гардида,  табиат,  оламу  одам  дигаргун мешаванд.

Наврӯз, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст, зеро он  эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон  мебошад. Дар ин айём деҳқон ба хотири сериву фаровонӣ ба замин донаи умед мепошаду ниҳол месабзонад.

Дар   асоси   хулосаҳои   до-нишмандон,   мардумшиносон ва  фолклоршиносони   тоҷик   ва дигар  олимон   ҳавзаи   Наврӯз аз   миёни  рамзҳои  наврӯзӣ,  ки аз  гулҳои  бойчечак,  сиёҳгӯш, лола,  гули  зард,  шохи  дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи   байналмилалӣ,   Соли нави  миллӣ  ва  пайки  омадомади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардидааст. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи   миллӣ   барои  ҷашнгирии Соли  нави  миллӣ  ва  Наврӯзи байналмилалӣ   истифода  хоҳад гашт.

Комрони БАХТИЁР, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода