ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 175
![]()
Рӯзи 17 март пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Россия Владимир Путин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Губернатори вилояти Кирови Федератсияи Россия ҷаноби Александр Валентинович Соколов “Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Россия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ” ба имзо расонида шуд.
Мақсади созишномаи мазкур аз тавсеаи робитаҳои судманди дуҷониба, алалхусус таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар асоси баробарӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои мутақобилаи Тарафҳо тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунандаи ҷонибҳо иборат мебошад.
Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ байни вилояти Хатлон бо вилояти Киров густариш ёбанд. Он ба таҳкими робитаҳои байни ду минтақа мусоидат намуда, барои тарафҳо имкониятҳои нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам меорад.
Тасвиби санади мазкур ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Киров дар соҳаҳои саноат, комплекси агросаноатӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ба роҳ монад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...