Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» оғоз мешавад


Ҷоми рӯзномаи «Хатлон» оғоз мешавад





Дар  доираи  дастуру  супоришҳои  раиси вилояти  Хатлон,  раиси  Федератсияи  футболи  вилояти  Хатлон  Давлаталӣ  Саид  идораи  рӯзномаи  “Хатлон”  бахшида  ба  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи  футбол  миёни  кӯдакону  наврасони то  13-соларо  барои  дарёфти  Ҷоми  рӯзномаи “Хатлон” баргузор менамояд.

Мусобиқа  бо  мақсади рушди  футбол,  ташаккули тарзи  ҳаёти  солим,  пешгирии  қонуншиканӣ  миёни наврасон  ва  тарбия  наму-дани  истеъдодҳои  ҷавон роҳандозӣ шудааст.

Бозии  гурӯҳии  мусобиқа бо  иштироки  16  даста  дар даҳаи  сеюми  моҳи  марти соли  2025  дар  ду  минтақа  – Бохтар ва Кӯлоб баргузор мешавад. 4 дастаи беҳтарин ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифта, дар маркази вилоят – шаҳри  Бохтар  барои  дарёфти  Ҷоми  рӯзномаи  “Хатлон” рақобат хоҳанд кард.

Мусобиқаи  Ҷоми рӯзномаи  “Хатлон”  на  танҳо рақобати  варзишӣ,  балки  як мактаби  дӯстӣ,  худшиносӣ ва  ифтихори  миллӣ  барои кӯдакону наврасон хоҳад буд.

Ғолибони  мусобиқа  бо Ҷом,  медал,  туҳфаҳо  ва  Сипоснома  қадрдонӣ  мешаванд.  Ҳамчунин,  беҳтарин бозингарони  мусобиқа  бо туҳфаҳои  хотиравӣ  мукофотонида мешаванд.

Мусобиқа  бо  ташаббуси  рӯзномаи  “Хатлон”  дар ҳамкорӣ  бо  Федератсияи футболи  вилояти  Хатлон  ва Раёсати  кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши  вилояти  Хатлон  ва  баргузор мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода