Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Фарҳанг ҳастии миллат аст»


«Фарҳанг ҳастии миллат аст»



Ба ҳамагон маълум аст, ки фарҳанги бой  ва  ҷаҳонбинии   васеъ   доштан, инсони  олиҳиммату  комил  будан, ватандӯсту  инсонпараст  ва  бомаърифату  поквиҷдон,  мутахассиси  варзидаю донишманди бузург шудан ин ҳама аз  китобхониву  китобдонӣ  ба  даст меояд. Зеро китоб дар ҳар давру замон равшангари  имрӯзу  фардои  миллат аст. 

Китоби  «Фарҳанг  ҳастии  миллат  аст»-и Абдуфаттоҳ Шарифзода, дар 432 саҳифа соли 2021 нашр  шуда,  маводҳои  он  бозгӯи  саҳми  арзандаи Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  рушди  яке  аз бахшҳои муҳимми соҳаи иҷтимоии кишвар – фарҳанг мебошад. 

Дар  китоб  нақши  барҷастаи  Сарвари фарҳангпарвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  муаррифии шоистаи миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари  тоҷик  дар  ҷаҳон,  бузургдошти  хотираи фарзандони оламшумул, шахсиятҳои барҷастаи  адабиёт  ва  илму  фарҳанги тоҷик,  Қаҳрамонони  Тоҷикистон,  гиромидошти таърихи куҳани шаҳрҳои Тоҷикистон, эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, рушди театру синамо, бунёди  иншооти  муосири  фарҳангӣ дар  саросари  мамлакат,  баргузории  ҷашнҳои  милливу  фарҳангӣ ва  озмунҳо,  рӯзҳои  фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, интихобу  тарбияи  кадрҳои  арзандаи  соҳа ва нашри китобҳои баландарзиши адибони классику муосир ба қалам дода шудааст.

Китоб  зери  таҳрири  Эмомалӣ  Насриддинзода,  Фарҳод  Раҳимӣ,  Зулфия  Давлатзода,  Нуриддин Саид,  Мирзошоҳрух  Асрорӣ,  Муҳриддин  Низомӣ, Субҳиддин Шамсиддинзода, Раҳмоналӣ Мирализода ба чоп расидааст. 

Дар  пешгуфтори  китоб  аз  ҷумла  омадааст,  ки Пешвои   муаззами  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  китоби пурмуҳтавои  “Аз  Ориё  то  Сомониён”  фармудаанд: “Ман  аз  саҳифаҳои  таърихи  куҳани  диёр,  аз осори шаҳристонҳои  вайронаву  нимвайронаи  сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро ба ҳам бипайвандам, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам. Зеро таърих боинсофтарин ва одилтарин ҳакам аст, ки ҷумлаи неку бади гузаштаву имрӯзаро дар мизони адли хеш бармекашад”. 

Ҳам афкор ва амали Президенти мамлакат он нуктаро мусаллам медорад, ки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон таҷрибаи фарҳангиву маънавии миллиро фаро гирифтааст, сиёсате аст, ки аз сиришти воқеиву таърихии мардум бархоста, бо тақозои ормонҳои фитрии мардум самти густариши худро муайян мекунад. Ин  сиёсат,  ки  ба  маърифати  донишмандонаи  сарнавишти таърихӣ ва саргузашти фарҳангии халқ бунёд ёфтааст,  бо  арзишҳои  поягузори  ҷомеаи  демократӣ бо  эҳтирому  арҷгузории  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон,  ки моҳияти аслии зиндагонии ҷомеаи башарӣ аст, таносуби том пайдо намудааст, ки сиёсати фарҳанггустар ва маънавиасоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  баробари  эҷоди  фазои  мусоид  барои рушди фарҳанги миллии тоҷикон дар миёни Созмони милал ҳусни истиқбол ёфт ва оинаи ибрату пайравӣ гардид.

Маърифати  таърих,  худшиносии  миллӣ, меҳанпарастӣ,  ғуруру  ифтихори  миллӣ,  арҷгузории суннатҳои  фарҳангии  миллӣ,  эҳтиром  гузоштан  ва инкишоф  доштани  анъанаҳои  таърихии  ниёгон  ва ҷойгоҳи ин арзишҳои маънавӣ дар ташаккули давлатдории  миллӣ,  дар  маҷмуъ  сиёсати фарҳангии  Пешвои  муаззами  миллатро дар худ таҷассум кардаанд, ки ҳадафи аслии  он  бар  пояи  асолати  миллӣ устувор  намудани  ҷаҳонбинӣ  ва мафкураи ҷомеа, бар пояи фарҳанги миллии тоҷикӣ бунёд ниҳодани низоми давлатдорӣ маҳсуб мешавад. 

Мардуми  Тоҷикистон  имрӯз  бо фарҳанги  волои  шаҳрсозӣ  ва  бунёдкорию  созандагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ифтихору сарфарозӣ менамоянд.

Роҳе, ки Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи бунёди  ҷомеаи  фарҳангсолор  ва  маънавиасоси шаҳрвандӣ пеш гирифтанд, мактаби неруманди сиёсӣ ва  роҳбарии  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро  ба  вуҷуд овард. Ин мактаб дар муборизаҳои шадид обутоб ва аз  ҳар  ҷиҳат  такомул   пазируфт,  таҷрибаи  фаровон андӯхт, дар ҳаллу фасли масъалаҳои дохилии кишвар эътибори шоиста ба даст овард.

Китоби “Фарҳанг ҳастии миллат”-ро шумо, хонандагони гиромӣ, метавонед дастрас ва мутолиа намоед.

Саодат Абдулҳакимзода, 
директори Китобхонаи оммавии вилояти
Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода