Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Давлаталӣ САИД: “НАҚШИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР ҲИДОЯТ ВА РӮҲИЯСОЗИИ ҶОМЕА МУҲИМ АСТ”


Давлаталӣ САИД: “НАҚШИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР ҲИДОЯТ ВА РӮҲИЯСОЗИИ ҶОМЕА МУҲИМ АСТ”




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар нишасти матбуотӣ бо иштироки беш аз 50 намояндаи воситаҳои ахбори омма натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар соли 2024 рӯнамоӣ намуд. 



Раиси вилоят таъкид кард, ки дар ин давра аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида чораҷӯӣ намуда, нишондиҳандаҳои назаррасро ба даст оварданд. 

Аз ҷумла, соли 2024 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 42,8 миллиард сомонӣ баробар гардид. Суръати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ 8,3% таъмин шуда, ҳиссаи он дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 27,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 6,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода