Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИҚДОМИ «КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН»


ИҚДОМИ «КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН»




Бо дастхат аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчун туҳфа ба сарбози шуҷои Ватан, дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон гардидани соли 2025 дар вилоят падидаи нав баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва камолоти маънавии ҳомиёни Ватан фоли нек мебошад.

Аксияи «Китоб барои муҳофизони Ватан» бо мақсади қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату ҷонфидоии сарбозон дар дифоъ аз Ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ бо ҳидояти раиси вилоят Давлаталӣ Саид рӯйи даст гирифта шуд.

Тақдими китоб ба сарбозон метавонад ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва масъулияти бардӯшдоштаашонро баланд намуда, онҳоро ба китобу мутолиа шавқманд созад.

Баргузор намудани чунин иқдомҳо на танҳо рӯҳияи сарбозонро шод мегардонад, балки ба тамоми ҷомеа эҳсоси ваҳдат, ҳамбастагӣ ва муҳаббат ба Ватанро низ ташвиқ менамояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода