Конститутсия ва мақоми зан дар ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 65
30 сол муқаддам - 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши муассиру сарнавиштсоз гузошт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи коршиносон аз шумори беҳтарин конститутсияҳои мамлакатҳои олам арзёбӣ гардида, мо бо қабули Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ хоҳад буд.
Дар хусуси ҷойгоҳ ва мақоми Конститутсия дар пешрафту ободии Ватан, таъмини саодати мардум зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои пурҳикматро баён дошта, таъкид намуданд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Дар идомаи ин андешаҳои баланд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсия ҳамчун санаи муҳими таърихӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Тазаккур бояд дод, ки эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо ифодагари масъалаҳои пурзӯр намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки масъалаи мубраме ба шумор меравад, ки барои тақвият ёфтани ягонагии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ заминаи мувофиқе мусоидат мекунад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Маҳз ҳамин ниятҳои нек аст, ки роҳбарияти олии мамлакат чунин тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, рӯз то рӯз баҳри беҳбудии шароити зисту зиндагии сокинон имкониятҳои нав ба навро фароҳам оварда истодааст.
Дар воқеъ, маҳз хиради сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои мондаго-ри он кас барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ, қабули Конститутсия ва таъмини во-лоияти қонун, барқарории сулҳу суботи миллӣ буд, ки имрӯз мо – занону бонувони Тоҷикистон дар фазои амну осоиштагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азиз зиндагонӣ дорем.
Симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай бо рангорангтарин, муҷаллотарин меҳру муҳаббат ва зеботарин вожаҳо тасвир шудааст ва ҷовидона хоҳад буд. Бешубҳа, меҳру муҳаббати халқ ба инсоне, ки маҳбуби ӯст, олитарин рутба – рутбаи бебаҳоӣ ва нотакрориро хоҳад дод, бошарафтарин инсон соҳиби муҳаббати халқ мешавад.
Масъалаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои назаррас татбиқ карда шуданд. Маҳз тавассути ҳамин чораандешиҳо ба кишвари мо имконият даст дод, то дар самти таъмини намояндагии занон дар сатҳҳои гуногуни роҳбарӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардад. Дар ин самт қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қадами ҷиддӣ баҳри фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ барои ба пуррагӣ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.
Дар заминаи ин фармони тақдирсоз як қатор Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд», «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон», «Дар бораи Нақшаи перспективии ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ва ғайра қабул гардидаанд, ки фаъолияти пурсамари занону бонувони тоҷикро дар ҷомеа ба танзим медароранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи самараноки стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занону бонувон корҳои амалиро анҷом дода истодааст, ки натиҷаҳои қаноаткунанда дорад. Шумораи занону бонувони дар мақоми роҳбарикунанда фаъолиятдошта дар миқёси вилоят қариб 14 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо сол то сол малакаҳои сарварии худро такмил дода истодаанд.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша изҳор медоранд, ки ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоянд.
Занону модарон дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд.
Имрӯзҳо бонувони Хатлонзамин баробари мардон номуси ва-тандориро ба дӯши худ гирифта, ғайратмандона бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Ҳамчунин, онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешу-моранд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Ҳадафи асосии эълон намудани соли 2024 - “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, муносибати эҳтиромона ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи мустаҳкам дошта, бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта, дар ин самт якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 9-уми апре-ли соли 1997, №691, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 3 юми марти соли 2006, №94 ва ғайраҳо қабул гардиданд, ки дар маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бориз дорад.
Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани он бошад, масъалаи дигари ин тадбир коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, паст на-мудани хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба чунин равияҳо ва, пеш аз ҳама, баланд бардоштани саводи ҳуқуқии ҳар як фарди кишвар маҳсуб меёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ибрози андеша намудаанд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем...”.
Дар воқеъ, ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат моро муваззаф менамояд, ки дар раванди тағйирпазирии ҷаҳони имрӯза бояд дар таълиму тарбияи насли наврас ҳамаҷониба ҳиссагузор бошем. Ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, дар ташвиқу тарғиби маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун сипари боэътимод кӯшиш намоем.
Солҳои охир масъалаи терроризм, экстремизм ва радикализми динӣ дар тамоми кишварҳои дунё нигаронкунанда боқӣ монда, барои пешгирӣ намудан ва ё муқовимат кардан бо ин зуҳурот мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Зеро онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи таблиғи иттилооти бардурӯғ ба рафтори мардум таъсири манфӣ мерасонанд. Хусусан, мағзшӯӣ, таъсири манфӣ расонидан ба ҷавонон ва ташвиқу тарғиб намудани онҳо ба воситаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад. Аксари нафароне, ки ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мепайванданд, аз надоштани маъри-фати ҳуқуқӣ ва сатҳи пасти дониши сиёсӣ ба ин кор даст мезананд.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ба чунин амалҳои номатлуб даст задани ҷавонон, бетараф будани оилаҳо ва аҳли ҷамъият оқибати ниҳоят бад дорад. Мо бояд фарзандонро дар дохил ва хориҷи кишвар зери назорати қатъӣ қарор диҳем, нагузорем, ки онҳо фирефтаи тарғиботи гурӯҳҳои тундрав шаванд, ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳамроҳ гарданд, ба модар - Ватани худ хиёнат кунанд.
Тавре ки мегӯянд, аз хиёнат ба Ватану падару модар гуноҳи азиму бузургтаре нест. Аз ин рӯ, аз модарон ва аҳли ҷомеа даъват менамоям, ки ба масъалаи тарбияи фарзандон бисёр ҷиддӣ муносибат кунед, барои таҳсили онҳо мо-неа эҷод насозед, пеши ҳар гуна амалҳои нодурусти онҳоро гирифта, фарзандонро дар руҳияи баланди ифтихори ватандорӣ, инсондӯстиву садоқат ба меҳан тарбия намоед.
Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад.
Эҳтироми волидайн, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз кирдори бад, сухани зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба пада-ру модар ва кишвар зиёдтар мерасад.
Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри гузашта оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд. Чунин нишонаи арҷгузорӣ ба падару модарон, эҳтиром ба номи поки зан ва таваҷҷуҳ ба заҳмати духтарону бонувон имрӯз ҳам аз ҷониби аҳли илм ва адабу фарҳанг идома дошта, дар навбати худ Сарвари давлат ва Ҳукумат низ барои дастгирии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардаанд.
Вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи падару модарон, омӯзгорон, оилаҳои пешқадам, занҳои бомаърифат ва уламои дин, пеш аз ҳама, тарбияи фарзандони лоиқи даврон ва
ифтихоровари Тоҷикистон аст.
Итминон дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон, дуогӯи саломативу сарфарозии Пешвои миллат ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат, ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои милли-амон - “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” амал карда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии фарзандон, беҳтар шудани некӯаҳволӣ, шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.
Анзурат АБДУСАЛОМЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00