Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қурбон Ҳакимзода: «Барои ҳамлу нақли маҳсулоти ғизоӣ монеасозӣ нашавад»


Қурбон Ҳакимзода: «Барои ҳамлу нақли маҳсулоти ғизоӣ монеасозӣ нашавад»


 26 апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати кории назди раиси вилоят Қурбон 

Ҳакимзода баргузор гардид.

Баррасии ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонки зимни сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 24-26 марти соли ҷорӣ дода будандмавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур будДар машварати корӣ муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода ва муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода доир ба корҳои анҷомдодашуда дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣсаноатэнергетика ва нақлиёт ҳисобот додандҚайд гардидки то 25 апрел 13 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят дурнамои кишти пунбадонаро пурра иҷро намудапахтакорони навоҳии боқимонда дар арафаи баитмомрасонии ин маърака қарор дорандТаваҷҷуҳи масъулон ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии малах дар талу теппаҳо ва киштзорҳои вилоят ҷалб гардидАйни ҳол 6 мошин, 23 трактор ва зиёда аз 460 нафар мутахассисон ба маъракаи мубориза алайҳи малах ҷалб гардидаандВобаста ба болоравии нархи баъзе намуди маҳсулоти ғизоӣаз ҷумла сабзӣиттилоъ дода шудки майдонҳои кишти сабзӣ фарох будато 10 май сабзии нав ба бозор дароварда шуда, нархи ин навъи маҳсулот ба эътидол хоҳад омад. 

Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии нарх аз захираи дар сардхонаҳои махсус нигоҳдоранда 200 тонна сабзӣ ба бозор бароварда шудРаиси вилоят вобаста ба истифодаи пурсамар аз гармхонаҳоеки сабзавоти барвақтӣ парвариш мешавандинчунин доир ба ворид намудани омори истеҳсоли помидору бодирингмайдони токзор ва боғҳои интенсивии бунёду барқароршуда ба ҳисоботи расмӣ ба масъулон дастур дод. - Масъулони ниҳодҳои давлатӣмахсусан нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣмақомоти санҷишгарбахши агентии содирот дар вилоят ҷиҳати ҳамлу нақли маҳсулоти ғизоӣмахсусан маҳсулоти зудвайроншавандатариқи роҳҳои мошингард бояд ба соҳибкорон ҳамаҷониба мусоидат намудаягон монеаи сунъӣ эҷод накунанд, - таъкид намуд раиси вилоят. Дар ҷаласа қайд гардидки ҷиҳати бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятбакорандозии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣтаъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавандТавре ки муовини раиси вилоят ЗФайзуллозода иттилоъ дод, корҳои техникӣ дар корхонаи азими “Тоҷиказот” оғоз гардидато имрӯз ба дарозии 23 километр қубурҳои нави газгузар хобонида шудадар маҷмӯъ, 37 километр қубурҳо таъмир ва насб гардидаандСоли 2021 дар шаҳру навоҳии вилоят бунёди 65 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1800 ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шудаастРаиси вилоят ҷиҳати тибқи реҷа бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои мазкур ба масъулон дастур дод

Инчунин Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилоят муваззаф гардидки дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ маъракаи иттилоотӣ гузаронидаба онҳо фаҳмонида шавадки дар сурати ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштанонҳо бояд то 15 июни соли ҷорӣ ҳуҷҷатгузории худро ба расмият дарорандТибқи омори расмӣфеълан беш аз 200 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорандРаиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба истифодаи самарабахши ҳар як ваҷаб замини корами обӣба гардиш даровардани заминҳои бекорхобидасаривақт гузаронидани кишти пунбадона бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва ҳосилнокиаш баланд, гузаронидани кишти картошка ва иҷрои саривақтии дурнамои он дар ноҳияҳои МуъминободХовалингБалҷувону Шамсиддин Шоҳинтадбирандешӣ ҷиҳати ба эътидол овардани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои дохилӣнигоҳубини боғҳои интенсивӣвазъи нигоҳдории чорво дар чарогоҳҳоандешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирӣ аз пайомадҳои боришотеки дар рӯзҳои аввали моҳи май пешгӯӣ шудаастдар мавзеъҳои осебпазири ноҳияҳои ХуросонАҶомӣҶБалхӣВахшшаҳри Кӯлобтаъмини саривақтии оби полезӣҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқмуборизаи беамон бо ҳашароти зараррасони малахсодироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи роҳи оҳан ва истифодаи самарабахш аз имтиёзҳои роҳи оҳандӯхти сару либоси мактабӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди вилоят, зиёд намудани ҳавзҳои моҳӣ ва истеҳсоли барзиёди моҳӣомодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулон пурсон шудадастуру супоришҳои мушаххас дод

Н.Маъмурзода“Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода