Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА


ҶАЛАСАИ РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА


Субҳи 26 апрел, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон машварати кории назди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода  баргузор гардид.
Дар машварати корӣ муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Қурбон Ҳакимзода аз масъулин оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки зимни сафари корияшон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 24-26 марти соли ҷорӣ дода буданд, пурсон шуд. 
Дар машварати корӣ муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода ва муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода доир ба корҳои анҷомдодашуда дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, саноат, энергетика ва нақлиёт ҳисобот доданд. 
Қайд гардид, ки то 25 апрел 13 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят дурнамои кишти пунбадонаро пурра иҷро намуда, пахтакорони навоҳии боқимонда дар арафаи баитмомрасонии ин маърака қарор доранд. 
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба истифодаи самарабахши ҳар як ваҷаб замини обии корам, ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, саривақт гузаронидани кишти пунбадонаи пахта бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва ҳосилнокияш баланд, гузаронидани кишти картошка ва иҷрои саривақтии он дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувону Ш. Шоҳин, ба эътидол овардани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои дохилӣ, нигоҳубини боғҳои интенсивӣ, вазъи нигоҳдории чорво дар чарогоҳҳо, андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирӣ аз пайомадҳои боришоте, ки дар рӯзҳои аввали моҳи май пешгӯӣ шудааст, таъмини саривақтии об ба заминҳои кишоварзӣ, дар мавзеъҳои осебпазири ноҳияҳои Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ, Вахш, шаҳри Кӯлоб, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, муборизаи беамон бо ҳашароти зараррасони малах, содироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи роҳи оҳан ва самаранок истифода бурдани роҳи оҳан, дӯхти сару либоси мактабӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди вилоят, зиёд намудани ҳавзҳои моҳӣ ва истеҳсоли барзиёди моҳӣ, омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулон пурсон шуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода